Бо ғолибият баргаштанд
- Details
- Published on Thursday, 12 September 2013 16:44
Даҳаи сеюми моҳи августи соли равон дар Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байни футболбозони ҷавон (соли таваллудашон 1999-2000-ум) ба хотири гиромидошти Мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Қирғизистон В.Н.Низовтсев доир гашт.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол бори нуҳум баргузор гардида, дастаи Тоҷикистон бори аввал ширкат кард. Шарафи иштирок дар ин қувваозмоии байналхалқӣ ва муаррифии мамлакат дар ин бозиҳо ба дўши футболбозони Мактаби варзишии бачагону наврасони рақами 2-юм «Равзана» вогузор гардид.
Дар давраи мусобиқаҳои гурўҳӣ футболбозони ҷавони тоҷик ба ҳамсолони худ аз шаҳри Чимкент бо ҳисоби 7:0, аз шаҳри Бишкек -3:0; Канд-2:1 ва шаҳри Алма-Ато бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада, ҷои аввалро сазовор шуданд. Дар қувваозмоӣ барои ҷои якум футболбозони тоҷик ба соҳибони майдондастаи «Абдиш-Ота» бо ҳисоби 0:2 бозиро бохтанд ва бо Ҷоми зафар барои ишғол намудани ҷойи дуюм мукофотонида шуданд.
Ҳуҷумгари беҳтарини қувваозмоӣ бозингари тоҷик Лазиз Иброҳимов ва бозингари беҳтарин футболбози хуҷандӣ Олим Масаидов дониста шуданд. Дарвозабон Далер Баротов (фарзанди дарвозабони маъруфи «Хуҷанд» Насим Баротов), муҳофизгар Амир Иброҳимов ва умуман хуҷандиён бозии хеле зебо ва дилчасп нишон доданд.
Мураббии даста Fулом Маҳмудов зикр кард, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ шароитҳо барои бозии хуб муҳайё буданд.
Қувваозмоиҳо дар сатҳи баланд ташкил шуда, ҳам ҷои истироҳат, ҳам таъминот хеле хуб буд. Сармураббии даста Қурбонхоҷа Раҳимхоҷаев қайд кард, ки ба ҳайати тими Тоҷикистон 20 нафар шомил буданд.
- «Ҳамчун роҳбари ҳайати варзишгарон ба нафароне, ки дар ташкили бозӣ, иштироки даста ба мусобиқот мусоидат карданд сарвари Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Сомон-Суғд» Мадёр Вадудов ҷиҳати таъминот бо нақлиёт дар тамоми муддати сафар, директори филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров Хуршед Расулов барои таъминот бо сўзишворӣ миннатдорӣ изҳор менамоям. Ба волидони футболбозони ҷавон баҳри мусоидат ба иштироки фарзандонашон дар мусобиқаи байналмилалӣ сипос мегўем. Бахусус, аз роҳбари клуби фут- боли «Амирӣ» Амирбек Отабеков барои дастгирии ҳамаҷониба миннатпазирем,-зикр кард сармураббӣ. Дар мусобиқаи байналмилалӣ лоиқи Ҷоми ғолибият гаштани дастаи футболбозони ҷавони Хуҷанд собит менамояд, ки насли арзандаву сазовори футболбозон сабзида истодааст ва ин бошад, мураббиёнро аз насли ҷавон дилпур месозад.
Эргаш СУЛАЙМОНОВ