МАҶМААИ ВАРЗИШИИ ИСТИҚЛОЛ - МАКТАБИ ЧЕМПИОНҲО

Дар ҳар минтақа ва шаҳру навоҳии мамлакат иншооте, мавзеъ ва ё ягон бинои маъмуриву манзилие мавҷуданд, ки дар ҳаёт ва зиндагии сокинони он ҷо ягон нақши муҳиме дораду бо гузашти даҳсолаҳо ҳам аз он ҷо ба некӣ ва ё ифтихоре ёдовар мешаванд.

Маҷмааи варзишии шаҳри Истиқлол (қаблан Табошар) аз ҷумлаи ана ҳамин иншооти машҳуру ангуштнамои шаҳриён буда, миёни мардум чун “макону мактаби чемпионҳо” низ маҳбубият дорад, ки хурду калон дӯсташ медоранд, бо як ифтихору самимият меҳмонони худро ба ин ҷо роҳбаладӣ мекунанд.

Воқеан ҳам маҷмаа аз назари ҷои интихоби шаҳрдорию меъморӣ дар як гӯшае бунёд ёфта, аз он ҷо тамоми манзараҳои рангоранги гирду атрофи шаҳр: қаторкӯҳҳову талу теппаҳо, боғоту киштзори вилояти Суғд намудору ҳамзамон, насими рӯҳбахше вазида, қалбҳоро фараҳ мебахшанд. Мавриди зикр аст, ки шаҳри Истиқлол, бешубҳа, аз назари тарҳи меъмориву шаҳрсозӣ миёни ҳамаи дигар шаҳрҳои кишвар ҷолибу нотакрор буда, ҳар меҳмони аз берун омада баъди сайругашти кӯтоҳе худро дар ин ё гӯшаи мамолики назди Балтику Скандинавия ва Аврупо тасаввур мекунад. Нафақат манзили зисти шаҳрвандон дар ин минтақаи шаҳр бинои фарҳангу боғи фароғатиаш, худи бинои маъмуриву мағозаю беморхонааш бо санъати баланди меъморӣ қомат рост карда, баъди эҳёи даврони соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар хизмати мардум қарор доранд.

Бунёду баҳрабардории ин маҷмааи варзишӣ, ба гуфти шаҳрванди Истиқлол, журналист, сармуҳаррири нашрияи вилоятии “Согдийская правда” Исҳоқҷон Зокиров, метавон гуфт ба се марҳала рост меояд. Нахуст ба охири солҳои 1948‐1949, ки шаҳрак дар тавозуни корхонаи азими кӯҳӣ кимиёи Ленинобод (ҳоло комбинати металлҳои нодири шаҳри Бӯстон) буду бо дастгирии ин корхонаи азими аҳамияти умумииттифоқидошта марҳала ба марҳала обод гашта, инфрасохторҳои шаҳрдорӣ: манзили истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, китобхона, қасри фарҳанг, варзишгоҳ бунёд шудаанд, марҳалаи дуввуми рушди ҳам шаҳри Истиқлол ва ҳам маҷмаа бевосита ба корхонаи машҳур бо номи “Заря Востока”–и худи шаҳр алоқаи зич дорад, хостан ба давраи роҳбарии директори генералии ин корхона, шодравон Иван Николаевич Средний рост меояд, ки фаъолияти босамар дошта, дар шаҳр иншоотҳои он, аз ҷумла маҷмаа бозсозиҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ пайвастанд: майдонҳои гӯштингирӣ, теннис, ҳавзи шиноварӣ ва ба шарафи чемпиони ҷаҳон шудани тоҷикдухтар Зебунисо Рустамова майдони камонварӣ ин ҷо илова шуданд. Марҳалаи сеюми тармиму таъмир ва эҳё, ки дар замони соҳибистиқлолӣ сурат гирифтааст, ҳамоно ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштатарину макони баргузории чорабиниҳои варзишиву фарҳангии шаҳру мусобиқоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ шудааст.

Бахтиёр Абдуаҳадов, директори муасиссаи давлатии “Мактаби варзишӣ”‐и мазкур аз он изҳори қаноатмандӣ дорад, ки сафи он нафароне, ки ба варзиш машғул мешаванд, сол то сол афзуда, ин ҷо рӯзе нест, ки бо ширкати варзишгарони шаҳру меҳмонон аз дигар навоҳии вилоят мусобиқае доир нагардад. Чун сухан аз таъриху дастовардҳои варзишгарони истиқлолӣ меравад, сарвари мактаб бо як гармиву самимияти хоса нақл мекунад.

- Барои тамрин дар ҳамаи намуди варзиш ин ҷо шароити зарурию мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муҳайё шудаанд, таъкид дошт Бахтиёр Абдуаҳадов, ҷиҳати баргузории мусобиқот чи дар сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ мо омода ҳастем.

Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Истиқлол дар суҳбат иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати боз ҳам оммавияти варзиш миёни аҳолӣ, хосатан насли наврасу ҷавонон ва эҳёи ҷадиду ҷавобгӯй ба манфиатҳои даврони соҳибистиқлол будани ин маҷмааи варзишӣ, ҳамзамон ба воя расонидани варзишгарони сатҳи баланди минтақавию ҷаҳонӣ талош хоҳад кард.

Ҷовиди АШТӢ,

рӯзноманигор,

махсус барои “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh