Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент майдончаи варзишии замонавӣ мавриди истифода гирифт.

Дар маросими ба истифодадиҳии иншооти варзишӣ Раиси вилояти Суғд ширкат варзида, бо варзишгарон ва сокинони деҳа мулоқот анҷом дод. Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таъкид кард, ки ташкили чунин майдончаҳо барои рушди соҳа ва тарбияи ҷисмонӣ мусоидат хоҳад кард. Таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои фароҳамсозии шароити созгор ба насли ҷавон аз тамоми имконот истифода бурда истодааст. Имрӯзҳо беш аз 2600 иншооти гуногуни варзишӣ дар саросари вилоят мавриди истифода қарор дорад ва дастовардҳои варзишгарони вилоят низ назаррас аст.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишии нав бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Изаттуло Раҷабов бо харҷи беш аз 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh