Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Пахтакори шаҳри Конибодом

15 июни соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Конибодом сафар намуд.

Сафари кории роҳбари вилоят бо иштирок дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ оғоз ёфт. Бо ҳузури Раиси вилоят дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он бо маблағи 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Иншооти варзишӣ бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 сохта шуд ва минбаъд сокинони деҳа метавонанд аз он истифода баранд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суҳбат бо сокинони ҷамоат таъкид кард, ки дар вилоят 2732 иншооти варзишӣ мавҷуд буда, барои машғул шудан ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Вай ҳамзамон афзуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди садҳо иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шуда, танҳо дар 5 моҳи соли ҷорӣ 18 иншооти нав, аз ҷумла, 14 майдончаи варзишӣ, 3 толори варзишӣ, ва 1 маҷмааи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Раиси вилоят аз сокинон, махсусан ҷавонону наврасон даъват кард, ки доимо ба варзиш машғул шаванд ва бо ин роҳ саломатии хешро ҳифз намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh