ИҚТИСОД, МАБЛАҒ ВА АДОЛАТ

- Суди иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2021 482 аризаи даъвогиро бо маблағи 93575211 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар 376 ҳолати баррасии парвандаҳо ҳалномаи судӣ қабул гардида, аризаҳо ба маблағи 68531151 сомонӣ қонеъ шуданд, - ин иттилоъ дар нишасти матбуотии Суди иқтисодии вилояти Суғд, ки бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, кормандони масъули Суди иқтисодӣ дар толори бинои Суди вилоят баргузор гашт, гуфта шуд.

Қайд шуд, ки Суди иқтисодии вилояти Суғд 31 парвандаи иқтисодиро аз рӯи даъвоҳои мақомоти давлатӣ оид ба рӯёндани 83431328 сомонӣ зарари насупоридани маблағи қувваи барқ, об, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар маблағҳои давлатӣ расонидашударо баррасӣ кардааст. Дар марҳалаи ҳисоботӣ 17 парванда бо даъвои бонкҳо ба маблағи 24165130 сомонӣ ва 7 парванда бо даъвои ташкилоти қарзии хурд ба маблағи 719831 сомонӣ баррасӣ шудаанд.

Барои иҷрои санадҳои судӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, давоми нимсола маблағи боҷи давлатии аз рӯи ҳалномаи судӣ воқеан рӯёнидашуда 300778 сомонӣ баробар шуда, маблағи зарари ба манфиати давлат воқеан иҷрошуда 36032103 сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда аз зарари нимсолаи аввали соли 2020 ба андозаи 28325778 сомонӣ фарқияти зиёдшавӣ дорад. Аз ҳисоби 482 парвандаи баррасишуда 59 адади он дар маҷлиси сайёри Судӣ баррасӣ гардида, аз тарафи судяҳои Суди иқтисодии вилояят дар ташкилоту корхонаҳо 76 вохӯриву мулоқот баргузор гардиданд. Таъкид шуд, ки Суди иқтисодии вилоят ба қабули шаҳрвандон, ки бо арзу шикоят муроҷиат мекунанд, эътибори ҷиддӣ медиҳад ва дар ин марҳала 297 муроҷиати шаҳрвандон ҳаллу фасл шудааст.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва вилоят ба пурсишҳои хеш роҷеъ ба мушкилу муаммои соҳа посухҳои мушаххас гирифтанд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh