Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Ҳамасола дар кишвари азизи мо санаи 10-уми август Рӯзи варзишгарон ботантана таҷлил мегардад, ки иқдоми мазкур   самараи неки сулҳу суботи сиёсӣ, далели таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли варзишгарон -муаррифгарони Ватан, ҷавонон ва собиқадорони соҳаро бо ин рўзи хотирмон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрику таҳният намуда, саломативу сарбаландӣ ва  саодату комёбӣ таманно менамоям.

Варзиш қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифгари кишварҳо, воситаи беҳтарини ҳифзи саломатии инсон ва густариши тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ва баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба варзиш диққати аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо дарки аҳамияти ин нукта, дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти таъмини рушди он, фароҳам овардани имкониятҳои арзандаи варзишӣ, дастгирӣ ва қадршиносии варзишгарон иқдоми зиёдро амалӣ мекунад. Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарин, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаҳои олӣ ва якуми мамлакат, инчунин дастаҳои мунтахаби вилоят дар чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми ин сиёсати созанда ба шумор меравад.

Дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият медиҳад, ки кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва манзалати хоса касб намояд. Мо аз он ифтихор менамоем, ки варзишгарони мо дар чемпионатҳои сатҳи ҷаҳонӣ, осиёӣ ва байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувваозмоӣ намуда, парчами кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар ҳамаи Шумо  - варзишгарони номии вилоятро бо иди касбӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи варзишӣ ва фатҳи куллаҳои баланд дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Рӯзи варзишгарон муборак, парчамбардорони миллат!

Add comment


Security code
Refresh