Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар вилояти Суғд

10 августи соли 2021 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинӣ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ варзишгарон, собиқадорони соҳа ва ҳаводорони варзишро бо Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад, табрик гуфт. Таъкид карда шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, садҳо иншооти муосири варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.

Масалан, аз соли 2015 то соли 2020-ум ва шаш моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 511 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 3 варзишгоҳ, 84 толори варзишӣ, 407 майдонча, 5 маҷмааи варзишӣ ва 12 ҳавзи шиноварӣ сохта мавриди истифода қарор гирифт.

Имрӯзҳо дар вилоят 2734 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 48 варзишгоҳ, 1884 майдончаи варзишӣ, 598 толори варзишӣ, 37 ҳавзи шиноварӣ, 167 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 42 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 29 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 1 мактаби варзишӣ дар тобеияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” амал менамоянд.

Ҳамзамон, дар мактабҳои варзишӣ 19493 машқварзони наврасу ҷавон фаъолият намуда, ҳамарўза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Хурсандиовар аст, ки таваҷҷӯҳи бонувони вилоят низ ба соҳаи варзиш торафт зиёд мешавад. Имрӯз шумораи умумии бонувон, ки ба мактабҳои варзишӣ фаро гирифта шуданд, қариб 2450 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 225 нафар зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди варзиш диққати махсус дода, мунтазам мусобиқаҳои гуногунро ташкил мекунад. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, қавитар намудани робитаи дӯстӣ байни варзишгарон ва бо ин васила дарёфти беҳтарин варзишгарони вилоят соли равон маротибаи дуюм мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ аз рӯи 22  намуди варзиш барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд дар 12 шаҳру ноҳияи вилоят ташкил ва баргузор гардиданд.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилояти Суғд барои 55 нафар варзишгари беҳтарини вилоят, қадршиносии  варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятиву минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят дар чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд, ки варзишгарон дар меҳвари таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлат қарор доранд.

Раиси вилоят изҳори боварӣ кард, ки варзишгарони вилоят ва мураббиёну устодони онҳо дар соли таърихии таҷлили ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатиамон барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби хеш кӯшишу ғайрат намуда, маҳорату таҷрибаи андӯхтаашонро барои тарғибу ташвиқи варзиш ва омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои оянда сафарбар менамоянд.

Дар охир ба як қатор варзишгарони беҳтарини вилоят туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh