Қосиди сулҳу дўстӣ
- Details
- Published on Thursday, 03 October 2013 16:49
Варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дўстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад.
Моҳи сентябри соли 2013 дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гўштини тарзи юнонӣ-румӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2001 баргузор гардид.
Варзишгоҳи «Далерон», ки ба шарофати мардони саховатманд Азизҷон Азимов ва Шўҳрат Қутбиддинов ба муносибати 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта буд, он рўз намуди идона дошт. Зиёда аз 200 нафар варзишгари наврас аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гўштини юнонӣ-румӣ гирд омада буданд.
Раиси ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Баҳодур Воситов мусобиқаро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баъди садо додани суруди миллӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ҳозиринро бо саршавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 22- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки ҷамъомади мазкур на танҳо иштирок дар мусобиқа, балки ба мус-таҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон мусоидат мекунад. Ў аз таърихи начандон дури гўштини юнонӣ-румӣ сухан ронда, изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ин намуди гўштин ба бозиҳои олимпӣ ворид карда шудааст.
Аз номи варзишгарони нав-раси Қирғизистон раиси фонди ба номи чемпиони ҷаҳон ва Осиё Раатбек Санатбоев, Устоди варзиши Қирғизистон оид ба гўштини юнонӣ-румӣ Орунбек Санатбоев ба сухан баромада, аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва истиқболи гарму ҷўшон дар Истаравшан арзи сипос намуд ва ба хотири эҳтиром ба раиси шаҳри Истаравшан Иброҳимҷон Абдуллоев, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Устоди варзиши Тоҷикистон, директори варзишгоҳи «Далерон» Абдуқаҳҳор Шарифов ва боз ба якчанд варзишгарони номии тоҷик нишони устоди варзиши Қирғизистон, сару либоси қирғизӣ ва «Ифтихорнома»-ро супурд.
Раиси шаҳри Истаравшан, увзи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Иброҳимҷон Абдуллоев ҳамаи варзишгаронро ба ин иди пуршукўҳи варзиш табрик намуда, ба онҳо муваффақиятҳо орзу намуд. Ва ҳамчун рамзи хотира аз мардуми меҳмоннавози Истарашан ба Маликшо Неъматов ва Орунбек Санатбоев ҷомаю тўппӣ ва рўймолу корди устоҳои Истаравшанро тақдим кард. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ба ду нафар ҷавони эҷодкор адибаи шинохта, рўзноманигори варзида, номзади илми филология Сурайё Ҳакимова ва санъаткорон шаҳодатномаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро супурд.
Дар як вақт ба мураббии дастаи Истаравшан дар риштаи гўштини тарзи юнонӣ-румӣ Абдуқаҳҳор Шарифов Шаҳодатномаи «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро супорида, ба онҳо саломатӣ, бурдборӣ ва сарбаландӣ орзу намуд. Дар ин мусобиқа аз дастаи мунтахаби шаҳри Истаравшан наздик 70 нафар варзишгар баромад намуда, ба гирифтани 30 медали ин чемпионат сазовор гаштанд, ки аз он 9 медали тилло, 13 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ мебошад.
Дар вазнҳои аз 27 то 69 кг Шариф Толибов, Мурод Юсуфов, Муҳаммадҷовид Бошукуров, Исфандиёр Шўҳратзода, Муҳаммадӣ Ниёзов ва дигарон барандаи унвони чемпионӣ ва сазовори медалҳои ин мусобиқот гардиданд. Дар ҷамбасти даставии мусобиқа гўштингирони шаҳри Истаравшан сазовори ҷои аввал гардиданд.
Инчунин дар асоси нақша-чорабинӣ варзишгарон ва меҳмонон бо ҷойҳои таърихии шаҳри Истаравшан аз наздик шинос шуданд. Қосиди сулҳ ва дўстӣ будани варзиш, бори дигар исботи худро ёфт.
Саъдулло МАХКАМОВ