Ғолибони Чемпионати кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд

Санаҳои 14 ва 15-уми августи соли равон бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ташкил ва баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи чемпионати мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии мамлакат Муҳаммадшоҳ Абдуллозода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим ва масъулини Федератсияи миллии шиноварии кишвар иштирок ва суханронӣ карданд.

Баромадкунандагон таъкид карданд, ки ҷалби аҳолии кишвар, хоса ҷавонону наврасон ба варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳ ба варзиш сол аз сол меафзояд. Имрӯзҳо бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ҷавонон варзишро гарави саломатӣ дониста, барои пешбурди тарзи ҳаёти солим пайваста кушиш мекунанд. Зикр гардид, ки дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани чемпионати мазкур ба рушду такомули маҳорати варзишгарон дар соҳаи шиноварӣ мусоидат мекунад.

Пас аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ оғоз ёфта, тайи ду рӯз дар намудҳои тарзи озод, брасс, баттерфляй, пуштнокӣ, эстафетаи 4х50 байни мардҳо ва ҳам байни бонувон дар масофаҳои 50, 100 ва 200 метр ҷараён гирифт. Дар ин чорабинии варзишӣ наздик 80 нафар варзишгарони гуногунсиннусол аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ иштирок намуданд.

Дар натиҷа, ғолибиятро дар ҳайати даставӣ ҷои якум насиби дастаи Душанбе-1, ҷойи дуюм насиби шиноварони дастаи Душанбе-2 ва мақоми сеюм насиби шиноварони тими Душанбе-3 гардид.

Дар фарҷом ба ғолибону ҷоизадорон Ҷоми мусобиқа, медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh