“Айкидо” ба хотири Аваз Насриев
- Details
- Published on Thursday, 10 October 2013 15:17
Дар толори мактаби варзишии бачагон ва наврасони ноҳияи Ғончӣ мусобиқа аз рўи «Айкидо-эйкикай» муҳорибаи тан ба тан баргузор гардид, ки он ва хотираи ҷонфидои ҷангҳои дохилӣ баҳри ҳифзи Истиқлолият, сержанти милиса Авазҷон Насриев бахшида шуда буд. А.Насриев дар овони ҷавонӣ чун варзишгари номӣ на фақат дар ноҳия, балки берун аз он маъруф буд. Афсўс, ки умр барояш вафо накард. Вале номи ўро ҳамкорону ҳамдеҳагонаш, устоду шогирдонаш фаромўш накардаанд…
Ин аст, ки мусобиқа мақоми ҷумҳуриявӣ дошту аз шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Ғончӣ, ҷамъ даҳ даста бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар муҳорибаҳо варзишгарон бо вазни аз 20 то 60 кг иштирок намуда, барои ғолибият қувва санҷиданд. Дар натиҷа Фирўз Шарифов (Душанбе), Акмал Одинаев, Ҳабиб Табаров (Ҳисор), Ҳоҷиакбар Юлдошев, Шоҳрух Умаров (Ҷаббор Расулов), Мақсудҷон Мақсудов (Спитамен), Юнус Раҳмонов, Сабрина Бозорова, Мирбайзо Хушбахтов, Шаҳбоз Рўзибоев (Ғончӣ) ва дигарон ғолиб омаданд.
Мукофоту медалҳоро, ки аҳли хонадони шодравон Авазҷон Насриев таъсис додаанд, раиси ноҳия Зуфар Исмоилов ба соҳибонаш супурд ва дар ҳаққи шодравон суханҳои пурмеҳр изҳор кард.
Дар ҳамин ҷо барномаи адабии хонандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами №38, ки дар он А.Насриев таҳсил кардааст, таҳти унвони «Ашки модар» намоиш дода шуд. Модари А.Насриев Муборак Ғайбуллоева барои чунин эҳтирому ёди фарзандаш ба ташаббускорони тадбир, алалхусус роҳбарияти мактаби варзишии бачагон ва наврасони ноҳия, Федератсияи ҷумҳуриявии муҳорибаҳои тан ба тан ва «Айкидо-айкикай», роҳбарияти ноҳия арзи сипос намуд.
Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ
Дар сурат: ғолибони мусобиқа