Комроншоҳ сазовори медали тилло шуд

Дар шаҳри Салоникии Юнон дар чемпионати ҷаҳон оид ба гўштини тарзи самбо байни навҷавонон паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён медали тилло ба даст овард. Бино ба иттиллои сомонаи Озодӣ Комроншоҳ дар вазни то 90 килограмм дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Теймураз Хачидзе аз Гурҷистон пирўз шуд ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Ба рақибаш медали нуқра супурда шуд. Александр Дарилл (Молдова) ва Давид Оганисян (Русия) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Дар воқеъ, Комроншоҳи Устопириён чанд рўз пеш дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо, даврҳои Гран-при дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ва Тошканди Ўзбeкистон барандаи медалҳои биринҷӣ гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо байни наврасон дар Салоникии Юнон ду медал ба даст оварданд.

Дастоварди варзишгарони тоҷик сабаби барафрохтани Парчами Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Add comment


Security code
Refresh