Дар Ҷамоати деҳоти Ворух ду майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

28 сентябри соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ду майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими баистифодадиҳии иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бо сокинони ҷамоат мулоқот намуд.

Роҳбари вилоят зимни суҳбат ба сокинони ҷамоат доир ба ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар вилоят маълумот дода, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят беш аз 7500 иншоот, аз ҷумла дар шаҳри Исфара 500 иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки бешак барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар ин раванд саҳми соҳибкорони бонангу номус низ шоистаи таҳсин буда, маҳз бо талошу заҳматҳои онҳо иншооти гуногун бо шумули майдончаҳои варзишӣ сохта шуд.

Бунёди майдончаҳо дар Ҷамоати деҳоти Ворух, ки яке дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 ва дигаре дар маҳаллаи Боғдорӣ ҷойгир аст, худ далели равшани ин гуфтаҳост.

Ҳарду майдончаи варзишӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, барои гузаронидани бозии футбол пешбинӣ гардидааст.

Боиси зикр аст, ки ба яке аз ин майдончаҳо номи марҳум Расоиддин Тешаев гузошта шуд,  ки ёду  хотираи ӯро зинда нигоҳ медорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh