Медал аз мусобиқаи якҳарбаи шарқӣ
- Details
- Published on Thursday, 24 October 2013 19:33
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашўрмадова).- Чор варзишгари тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба муҳорибаи якҳарбаи шарқӣ, ки дар шаҳри Ригаи Латвия ҷараён дошт, соҳиби се нишони тилло ва як нуқра гардиданд. Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур, ки намояндагони 20 кишвари ҷаҳон аз ин риштаи варзиш иштирок доранд, Тоҷикистонро 4 нафар варзишгар, як мураббӣ ва як довар намояндагӣ карданд.
Зимни рақобат варзишгарони тоҷик Аҳмад Давлатов дар вазни 32 кг, категорияи 9-10 сола, Шаҳриёр Кабиров дар вазни 32 кг, категорияи 11-12-сола, Умарҷон Давлатов дар вазни 70 кг, категорияи 15-16-сола сазовори ҷои аввал ва нишонҳои тилло шуданд. Шамшер Сафаралиев дар вазни 34 кг, категорияи 11-12-сола, сазовори ҷои дуввум ва медали нуқра гашт. Ҷоми ҷаҳон оид ба К-1 доир шуд, ки дар он варзишгарони ин риштаи варзиши 20 кишвар ширкат доштанд.