Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд
- Details
- Published on Wednesday, 29 December 2021 08:56
28 декабри соли 2021 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо мураббиёну варзишгарон онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод гуфта, аз дастовардҳои мураббиёну варзишгарон дар соли ҷорӣ ёдовар шуд. Қайд карда шуд, ки дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба марҳилаи 1/8 финали Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё (АФК-2021) роҳхат гирифт ва ин дастовард барои мардуми тоҷик дар соли таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ифтихор буда, комёбии беназир маҳсуб меёбад.
Раиси вилоят ҳамзамон иброз дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, дарёфти беҳтарин варзишгарон дар вилоят ҳамасола мусобиқаҳои гуногун ташкил карда мешавад.
Аз ҷумла, соли ҷорӣ бори дуюм мусобиқаи кушоди вилоятӣ аз рӯи 22 намуди варзиш барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд дар 12 шаҳру ноҳияи вилоят баргузор гардид. Дар ин мусобиқа беш аз 1630 нафар варзишгар ширкат варзид, ки аз онҳо 265 нафараш бонувон буданд. Мусобиқа бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор шуда, барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои варзишӣ тибқи қарори Раиси вилояти Суғд 424 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки имсол барои дастаҳои футболи вилоят соли хотирмон ба ҳисоб меравад. Зеро клуби футболи “Хуҷанд” тавонист маротибаи панҷум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардад ва дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар соли 2021 мақоми дуюмро соҳиб шуда, ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст оварад.
Ҳайати ҷавонони дастаи Клуби футболи “Хуҷанд” пас аз танаффуси тӯлонӣ маротибаи дуюм қаҳрамони Тоҷикистон гардид.
Иштироки дастаҳои футболи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан низ дар Лигаи олӣ назаррас буд. Дастаи “Равшан” - и ноҳияи Зафаробод дар мусобиқоти Лигаи якум иштирок намуда, мақоми дуюмро касб ва соҳиби роҳхат ба Лигаи олӣ гардид, ки ин ҳам яке аз руйдоди назарраси футболи вилоят ба ҳисоб меравад.
Дар мавсими имсола ягона дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон маҳорати баланд нишон дода, соҳиби медали нуқраи ин мусобиқаи бонуфуз гардид.
Дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм, минтақаи Суғд 10 дастаи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуд ва дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон сазовори мақоми аввал шуда, ба Лигаи якум роҳхат гирифт. Ҳамзамон, дастаҳои “Саразм”-и шаҳри Панҷакент ва “Мастчоҳ”-и ноҳияи Мастчоҳ мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.
Соли ҷорӣ футболбозони навраси вилоят низ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дастаи вилоятии “Суғд” дар мусобиқаи ҷумҳуриявии Лигаи “Умед” оид ба футбол байни наврасони то 14 сола маҳорати баланд нишон дода, ғолиби мусобиқа гардид. Ҳамзамон, дастаи “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов байни наврасони то 18 - сола ва дастаи “Суғд” байни гурӯҳи то 12 - сола дар Лигаи “Пешсаф” оид ба футбол мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.
Хонандагони “Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатии ба номи Нӯъмон Шораҷабов”-и шаҳри Истаравшан дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни мактаббачагон барои дарёфти “Тӯби чармин” маҳорати хуб нишон дода, ғолиби мусобиқа ва мактаббачагони шаҳри Панҷакент бошанд, ҷойи дуюмро ишғол намуданд.
-Боварӣ дорам, ки шумо-мураббиёну варзишгарон кӯшишу ғайрат ва маҳорату таҷрибаи андўхтаатонро барои тарғибу ташвиқи футбол ва омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои оянда сафарбар менамоед. Дар навбати худ роҳбарияти Федератсияи футболи вилоят минбаъд низ ҷиҳати қадрдшиносии заҳмати пурмашаққати аъзои дастаҳои футбол ва мураббиёни онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард, — илова намуд дар охир роҳбари вилоят.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба беҳтаринҳои сол ҷоиза ва мукофотҳои Федератсияи футболи вилояти Суғд тақдим гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд