Комроншоҳ - қаҳрамони ҷаҳон

Варзишгари шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи IХ қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гўштини кураш дар шаҳри Истамбули Туркия соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки миёни мардону занон доир шуд, варзишгарони беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Комроншоҳи Устопириён (дар вазни то 90 кг) дар даври ниҳоӣ Алӣ Муҳаммадниёро (Эрон) мағлуб намуда, медали тиллоии мусобиқаи мазкурро дарёфт кард.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ҳамчунин Саидҷалол Саидов (дар вазни то 81 кг) низ ба гирифтани медали тилло мушарраф гардидааст. Ин варзишгари тоҷик дар даври ниҳоӣ варзишгари ўзбакистонӣ Бектош Сафаровро мағлуб намуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба гўштини кураш даст ёфтааст.

Намояндагони дигари Тоҷикистон Исмоил Боймуродов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазнҳои худ ҷойҳои дуввумро ишғол намуда, бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh