Ба бунёди мактаби варзишӣ оид ба намуди камонварӣ санги асос гузошта шуд

Дирӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди мактаби махсуси варзишӣ оид ба намуди камонварӣ санги асос гузошта шуд.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои асосӣ аз аз 2 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум утоқҳои кории маъмурият, пизишкон, мураббиён, ҷойи оббозӣ, ҷойи либокашӣ ва толори маҷлисгоҳ   ҷойгир мешавад. Дар саҳни ошёнаи якум майдони камонварии тобистона сохта хоҳад шуд.

Дар ошёнаи дуюми иншооти мазкур толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо аз рўи намуди камонварӣ, утоқи либоскашӣ ва утоқ барои нигоҳ доштани таҷҳизотҳои камонварӣ ҷойгир мешавад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо варзишгарон изҳор дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншооти нав бунёд мегардад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо фаъол гардидани мактаби варзишии камонварӣ барои машқу  тамрини наврасону ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз миёни онҳо қаҳрамонҳое чун Зебунисо Рустамова ба камол мерасанд.

Мактаби варзишӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ варзишгоҳи бузургтарини вилоят, қасри варзишӣ, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ, майдонҳои теннис мавҷуд буда, ташкили боз як иншооти нави соҳаи варзиш ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh