Қадршиносии ғолибони мусобиқа оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд
- Details
- Published on Monday, 06 June 2022 11:28
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқа оид ба бокс гузаронида шуд.
Мусобиқаи мазкур дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, дар он наврасони соли таваллудашон 2003-2004 аз рӯи 13 вазн барои пирӯзӣ миёни ҳам рақобат намуданд.
Дар маҷмӯъ 70 нафар дар ҳайати дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ду даста аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин мусобиқа иштирок доштанд.
Боиси зикр аст, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду давлат дар ҳамаи бахшҳо густариш ёфта, варзишгарони тоҷику ӯзбек дар чорабиниҳои варзишии ҳамдигар фаъолона иштирок мекунанд.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, ба ғолибон медалу туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд