Мулоқоти Раиси вилоят, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи "Истаравшан"
- Details
- Published on Friday, 10 June 2022 07:59
8 июн Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо ҳайати дастаи футболи «Истаравшан» мулоқот намуд.
Дар мулоқот бо мураббиён ва ҳайати даста Раиси вилоят таъкид кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол ва таъмиру азнавсозии иншооти варзишӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида истодааст.
Боиси хушнудист, ки дар ин замина дар вилояти Суғд низ барои рушди футболи касбӣ шароити лозимӣ фароҳам оварда шуда, дастаҳои вилоят дар Лигаи олӣ ва Лигаи якуми мамлакат бозӣ мекунанд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки барои тақвияти фаъолият ва фароҳам овардани шароити мусоид ба даста аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
Бояд таъкид кард, ки дастаи футболи «Истаравшан» яке аз куҳантарин клубҳои футбол аст ва дар Лигаи олии мамлакат бозӣ мекунад. Илова бар дастаи «Истаравшан» аз вилояти Суғд ҳамзамон дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Равшан»-и Зафаробод ва «Эсхата»-и Хуҷанд бозӣ мекунанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд