Мусобиқоти кушоди варзишӣ дар вилоят

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ ҷараён дорад. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ҷалби сокинон, махсусан наврасону ҷавонон  ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мебошад.

Тибқи низомнома мусобиқаи вилоятӣ дар се марҳила аз рӯи 26 намуди варзиш, аз ҷумла тенниси рӯи миз, шоҳмот, велосипедронӣ, баскетбол байни мардон ва бонувон, варзиши сабук,  гӯштини дюздо,  шиноварӣ, гӯштини миллӣ, волейбол байни бонувон ва мардон, гӯштини тарзи озод, гӯштини самбо, вазнбардорӣ,  каратэ-до, бокс, футбол, пойгаи равон, қаиқронӣ, дастхобонӣ, таэквандо, теннис ва бадминтон ташкил ва баргузор шуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки дар раванди баргузории мусобиқоти варзишӣ дастаи шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯи намуди футбол ва дастаи ноҳияи Ашт оид ба мусобиқаи дастхобонӣ,  ҷои аввалро ба даст овард. Дастаи ноҳияи  Ҷаббор Расулов дар мусобиқаи баскетбол миёни бонувон ва ҳам мардон сазовори ҷои якум гардид.

Инчунин дар мусобиқа оид ба бокс  байни ҷавонони соли таваллудашон  2003-2004, ки дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, 41 нафар варзишгарон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд, 6 нафар аз шаҳри Душанбе, 11 нафар аз вилояти Хатлон, 5 нафар аз вилояти Фарғона ва 7 нафар аз шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.  Дар фарҷоми мусобиқа аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ба ғолибон медал,  диплом, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ  супорида шуд. 

Санаҳои 11-12 июн  мусобиқа оид ба каратэ-до ВКФ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он 200 нафар варзишгарон аз вилояти Суғд иштирок намуданд, ки дар натиҷа дастаи  шаҳри Хуҷанд ҷои якумро ба даст овард.

Ҳамчунин 17 нафар варзишгарон аз Ҷумҳурии Белорус барои иштирок дар мусобиқаҳои  шиноварӣ, гӯштини дюздо, таэквандо ва гӯштини тарзи озод ба вилоят ташриф оварданд, ки ҷараёни мусобиқа ҳанӯз идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқоти кушоди вилоятӣ аз рӯи 26 намуди варзиш миёни наврасон, ҷавонон ва сокинони вилоят ҷараён дошта, иштирокчиён бо руҳияи баланди миллӣ ва ҳисси  хештаншиносӣ  барои таҳкими тарзи ҳаёти солим  иштирок намуда истодаанд.

Суман Ҳомидова,

«Ҳақиқатим Суғд»

Add comment


Security code
Refresh