Маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ
- Details
- Published on Monday, 05 September 2022 15:37
3 сентябр дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ доир гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур сухан гуфта, варзишгаронро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 31 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Таъкид гардид, , ки давоми солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумат иқдомҳои саривақтии муфид роҳандозӣ мешаванд.
Ҷалб намудани аҳолии кишвар, хоса ҷавонон, ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шумор рафта, таваҷҷуҳ ба мустаҳкам кардани базаи моддию техникӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни қишрҳои мухталифи ҷомеа торафт меафзояд.
Сокинони вилоят, хоса намояндагони қишри ояндасози кишвар - ҷавонон варзишро гарави саломатӣ дониста, барои пешбурди тарзи ҳаёти солим кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Воқеан, муносибати ҷомеа ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ беҳтар шуда, иштироки фаъолонаи сокинони шаҳру навоҳӣ дар чорабиниҳои варзишӣ аз мавқеи ояндабинии сокинони вилоят ва ҷонибдории онҳо аз тарзи ҳаёти солим башорат медиҳанд.
Баргузор шудани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ дар арафаи таҷлили 31 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо рамзӣ буда, хушбахтона, чанд сол аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст.
Ташкил ва баргузории мусобиқаи имрӯза ба рушду такомули маҳорати варзишгарон мусоидат мекунад. Аз як ҷониб дар ҷараёни вусъати омодагиҳо ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастани мусобиқаи байналмилалӣ ба тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи ифтихор аз ватану ватандорӣ, сарафрозӣ аз соҳибистиқлолии давлату миллат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон аз Тоҷикистон, Беларус, Россия ва Ӯзбекистон миёни ҳам рақобат мекунанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд