Бозии дӯстона бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт
- Details
- Published on Saturday, 10 September 2022 09:39
Бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва "Семенчӣ"- Фарғона бо ҳисоби 1:1 ба охир расид.
Ин бозӣ шоми 8 сентябр дар Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" дар шаҳри Хуҷанд доир гардид ва онро ҳазорон нафар мухлисони футбол тамошо намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров низ рафти бозии дӯстонаро тамошо карданд.
Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонони зиёд, аз ҷумла аҳли фарҳангу ҳунар, соҳибкорону тоҷирон, варзишгарон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд қарор доранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд