Маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 декабри соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин баргузор гардид.

Дар чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ, намояндагони кишварҳои иштироккунанда, варзишгарону мураббиён, ҷавонон иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки барои иштирок дар чорабинии варзишӣ аз меҳмонон аз ҷумҳуриҳои дӯсту бародари Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Гурҷистон, Беларус, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Федератсияи Россия ташриф овардаанд.

Гуфта шуд, ки бо ҳидоят ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба мустаҳкам намудани  базаи моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шуданд.

Дар ин замина, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати рушди соҳаи варзиш як силсила қарор ва Барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш тамоми шароитҳои заруриро фароҳам меоварад.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарону мураббиён, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми санадҳои болозикр ба шумор мераванд.

Дар ин росто, сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Пешвои муаззами миллат нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам овардааст, ки варзишгарони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва ҷойгоҳи хоса касб намоянд. Онҳо дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ, осиёӣ ва байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувва озмуда, медалу ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб шудаанд.

Имрӯз мо бо ифтихор номи варзишгарони кишвар Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Эмомалии Нуралӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов, Сомон Маҳмадбеков, Ҳамроз Раҷабов, Меҳрзод Сӯфиев ва дигаронро ба забон оварда метавонем, ки шарафи варзиши тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ боло бурда, Парчами Тоҷикистони азизро дар толору майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон сохтаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати рушду инкишофи намудҳои гуногуни варзиш дар вилоят, таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ, табодули тарҷиба байни варзишгарони хориҷа ва бо ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ соли 3-юм аст, ки дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят баргузор мегардад.

Соли 2019 мусобиқаи мазкур аз рӯйи 15 намуди варзиш оғоз  ва соли 2022 аз рӯйи 22 намуди варзиш идома ёфт.

Қайд кардан бамаврид аст, ки мусобиқаҳои қаблӣ  танҳо дар сатҳи вилоятӣ баргузор мешуданд.  Имсол бошад, мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ дар се марҳила, марҳилаи якум моҳи апрел байни маҳаллаву деҳа, марҳилаи дуюм моҳи май байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо ва марҳилаи сеюм аз санаи 20 май оғоз гардида, то 24 июни соли 2022 бо иштироки беҳтарин варзишгарон аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Фарғона, Сирдарё, Самарқанд, Бекобод, шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

Илова бар ин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо ва бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд,  ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон аз санаи 17 то 18 декабри соли 2022 мусобиқаи якумини байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин варзишгарон аз 11 давлати хориҷа баргузор шуда истодааст.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нафар варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Беларус, Туркманистон, Гурҷистон иштирок мекунанд.

Барои қадршиносии ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ ва соҳиби Шоҳҷоиза дар вазнҳои 95 кг ва беш аз 95 кг ду автомашина супорида мешавад.

Ҳамзамон, барои ғолибони мусобиқа, ки аз рӯи панҷ вазн гузаронида хоҳад шуд, аз 10 000 то 40 000 сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим мегардад.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Федератсияи гӯштингирии вилоят автомашинаи хизматӣ тӯҳфа гардид.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми рӯз идома ёфта, ба ғолибон туҳфаҳо, аз ҷумла ду автомашина ва мукофотҳои пулӣ супорида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh