Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мураббиёну ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд» доир гардид.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки дар лигаи олии мамлакат дастаҳои пурқуввати кишвар, аз ҷумла дастаҳои «Хуҷанд» ва «Эсхата» -и вилоят низ бозӣ мекунанд. Дастаи «Эсхата» айни замон нишондиҳандаҳои хуб дошта, дар ҷадвали мусобиқот дар зинаи аввал қарор дорад, ки шоистаи таҳсин мебошад. Аммо дигар клуби футболи вилоят — «Хуҷанд» дар зинаи нуҳум қарор дорад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти клуб ва муррабиён ҷиҳати ислоҳи қамбудиҳо ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо супоришҳо дода, илова намуд, ки барои машқу тамрини бозингарон шароитҳои зарурӣ мавҷуд аст. Клуби футболи «Хуҷанд», ки панҷ маротиба Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст, бояд мавқеи худро дар мусобиқот беҳтар созад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh