Натиҷаи назарраси варзишгарон

Чанде пеш дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ намуди шотокан миёни наврасону ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.

Дар он беш аз 200 варзишгар аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Сурхандарё, Фарғона ва Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Мусобиқа аз рӯйи намуди кумитэ ва ката сурат гирифт.

Дар намуди ката сабқат миёни бузургсолон хеле ҷолиб гузашт. Дар даври ниҳоӣ варзишгарони пуртаҷриба Умедҷон Шарипов ва Шавкатҷон Турсунов, ки ҳар ду аз як дастаи варзишӣ маҳсуб меёбанд, барои ба даст овардани мақоми аввал сабқат карданд.

Зимнан, қаҳрамони чандинбораи Тоҷикистон Умедҷон Шарипов бартарӣ нишон дода, соҳиби ҷойи аввал шуд. Дар намуди кумите низ мусбиқа бо шӯру шавқ сипарӣ шуд. Дар даври ниҳоӣ ҳисоб 3 бар 3 буд.

Дастпарвари “Академияи каратэ” Аҳмадхон Раҳимов дар вақти иловагӣ бо соҳиб шудан ба як бартарӣ ғалаба кард. Нишони дигари тилло дар намуди мазкур аз рӯи вазни – 40 кг ба варзишгари наврас Абӯбакр Розиқов, ки ҳамагӣ 10 сол дорад, насиб гардид. Варзишгарони меҳмон аз вилоятҳои Ӯзбекистон натиҷаи хуб нишон дода, бо ҳамсолони худ аз Тоҷикистон риштаи шиносоӣ пайдо карданд.

Пас аз ҷамъбасти мусобиқа раиси Академияи каратэ ва санъатҳои рамзӣ дар вилоят Каримҷон Ҳоҷибоев афзуд, ки аз натиҷаи варзишгарони даста қонеъманд аст, ҳамзамон варзишгарони наврасу ҷавонро ҳушдор дод, ки бештарини вақтро бо машқу тамрини ҳадафмандона сипарӣ намоянд ва дар мусобиқаҳои баҳои сатҳи баланд соҳиби дастоварди назаррас шаванд.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh