Сад ҷоиза дар даҳ сол

Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Имрӯзҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Ин иқдом барои афзоиш ёфтани варзишгарон дар ҳудуди мамлакат замина фароҳам меорад. Дар ҳақиқат, варзиш кафили солимии инсон буда, ҳаёти зебову осударо таъмин мекунад. Шахси ба варзиш машғулбуда, худро аз ҳар гуна роҳҳои бад боздошта, ба рушду нумӯи кишвар саҳми муассири хешро мегузорад. Дар вилояти Суғд низ чандин варзишгарони соҳибистеъдод ба воя расида, ба рушди варзиши мамлакат ҳиссаи худро гузошта истодаанд.

Субҳонҷон Дадабоев, хонандаи синфи 10уми Гимназияи № 1, ба номи Абдурасул Нозирови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ба варзиш дилбастагии зиёд дошта, мекӯшад, дар ин ҷода қадамҳои устувор занад. Бо Субҳонҷон суҳбате доштем, ки пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.

‐Чанд сол мешавад, ки бо варзиш машғул ҳастед?

‐Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки пайваста бо намудҳои гуногуни варзиш аз қабили Каратэ‐до, самбои бразилиягӣ, чиучитсу ва ғайраҳо машғул ҳастам. Ончунон шавқу рағбатам ба ин соҳа зиёд аст, ки андоза надорад. Қисми зиёди вақти хешро дар варзишгоҳҳо мегузаронам. Фурсатеро дар ёд надорам, ки аз варзиш канораҷӯӣ карда бошам. Варзиш аллакай як қисми ҳаёти маро фаро гирифтааст.

‐Оё муҳорибаи аввалини худро дар ёд доред? Аз ин нукта каме ҳарф мезадед. Чун имрӯз наздик ба сад адад ҷоиза дореду муваффақият ҳамқадами шумост.

‐Ташаккури зиёд. Албатта, то расидан ба ин ҷода машаққатҳоеро паси сар намудаам, ки соатҳо метавон ҳарф зад. Ба фикри ман на танҳо дар варзиш, балки дар дигар ҷодаҳо ҳам, шахс аввалин қадами худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Аввалин муҳориба доим пеши назарам намудор аст. Бо дастгириҳои бевоситаи устодонам тавонистам онро бо пирӯзӣ анҷом диҳам. Бароям бисёр душвор буд. Лекин ҳоло ин набардҳои ба назарам хеле одӣ метобанд.

‐Чун дар боло қайд кардед, устодонатон барои муваффақиятҳои шумо нақши муҳим доранд. Мехоҳем фикри шуморо ба ин масъала зиёдтар фаҳмем.

‐Бале, ман то ба имрӯз ба чӣ дастоварде, ки ноил гардидам, бо дуои пайвандонам, ва меҳнати шабонарӯзии устодонам буд. Аз ибтидо то кунун зери ғамҳориву сахтгириҳои устоди азизам Наимҷон Маҳкамов ба дастовардҳои назаррас ноил гардидам. Аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ номи эшонро ба забон оварда, сабабгори асосии ғолиб омадани худ хондам. Аз ҳамаи устодонам сипосгузорам.

‐Ба наздикӣ шумо дар мусобиқае, ки дар шаҳри Абу‐Даби баргузор гашт, дар намуди варзиши чиучитсу иштирок намуда, мақоми аввалро соҳиб гаштед. Ин ҷоизаро ба Шумо муборакбод мегӯем. Таасуроти шумо аз ин чемпионати байналмилалӣ чӣ гуна аст?

‐Миннатдорам. Боиси ифтихор аст, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, мақоми аввалро ишғол намудам. Ҳама дастовардҳоям барои ман хотираҳои хубро мемонад. Аммо ҳар вақте, ки бо медали тиллои аз Аморати Муттаҳидаи Араб овардаи худ менигарам, ашки шодӣ мерезам. Зеро ин дастовард ба осонӣ муяссар нагардид. Таассуроти ман аз ин мусобиқа хеле хуб аст. Боз ҳам ба ман мушарраф гашт, ки аз шаҳрҳои афсонавӣ дидан кунам. Ин орзуи деринаи ман буд. Бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки варзиш моро ба қуллаҳои баланд мебарад.

‐Ба ҷуз варзиш боз бо кадом корҳо машғул ҳастед?

‐Дар қатори ба варзиш машғул будан, мекӯшам дар дарсҳо низ фаъол бошам Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ борҳо иштирок намуда, аз фанни забони модарӣ ду маротиба мақоми намоёнро ишғол намудаам. Ҳоло гирандаи стипендияи Президентӣ мебошам.

Дар вақтҳои беруназдарсӣ ба омӯхтани забонҳои русиву англисӣ низ ҷиддан машғул мешавам. Соҳиби чанд сертификат аз фанни забони англисӣ ҳастам. Дар ин равия ба ман Гузалхон Мирсаминова роҳбалади хуб ҳастанд. Барои мо ҷавонон имрӯз дар мамлакат тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё буда, танҳо меҳнати хубро талаб мекунад. Агар шавқу рағбат дошта бошед, метавонед дар дилхоҳ соҳа фаъолияти худро ба роҳ монед.

‐Мехоҳем, аз нақшаҳои оянда ва тавсияҳои шумо ба ҳамсолонатон огоҳ бошем.

‐Ман дастовардҳои зиёд дорам, аммо худро ҳанӯз муваффақшуда намеҳисобам. Дар назди худ мақсадҳои зиёд гузоштаам, ки бояд ба онҳо расам. Аз рӯзҳои аввали тамрин мақсади ман ин аст, ки парчами Тоҷикистони азизамро баланд бардорам. Фарзанди худогоҳу хештаншинос ба воя расида, барои гулгул шукуфоии Ватани азизам саҳми назарраси худро мегузорам.

Ба ҳамсолонам тавсия медиҳам, ки вақти хешро ба корҳои беҳуда нагузаронанд. Ҳар фурсат ғанимат аст. Дониш андӯзанд, ба варзиш машғул шаванд ва роҳи муваффақиятҳоро ба сӯи худ боз кунанд.

‐Аз суҳбатҳои самимиятон шод гаштем. Сафи дастовардҳоятон афзун бод.

‐Ба шумо низ муваффақият хоҳонам.

Суҳбаторо
Сӯҳроб ОТАЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh