Парчамбардори наврас

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо Парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Ин нуктаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола зикр гардидааст.

Бале, шоистаи ифтихору шодмонист, ки ҷавонони кишвари офтобрӯяи тоҷикон дар ҳар давру замон номбардори авлоду аҷдоди худ буданд. Дар ин ҷода, ному насаби варзишгарони муваффақе, ки парчамбардори давлати худ буданду шарафи кишварро то ба арсаи байналхалқӣ бурдаанд, номбар кардан мумкин аст.

Насли имрӯзаи даврон бешак, онҳоро ҳамеша намунаи ибрати худ медонаду дар пайравӣ бо эшон кӯшиш менамояд, ки идомабахши кору пайкори накӯ бошад.

Яке аз наврасони муваффақ, ки соҳаи варзишро пеша кардаву бар замми ин хонандаи аълохон низ мебошад, Илҳомҷонӣ Шукрона аст.

Шукрона ҳанӯз дар синни шашсолагӣ майл ба варзиши намуди каратэ дошта, аввалин устоди худро падараш Илҳомҷон Исмоилов медонад ва боз ҳам бо устодон машқу тамрин намуда истодааст. Тавассути машқи пайваста ва омӯзиши нозукиҳои варзиш тавонист дар муддати кӯтоҳ номи худро дар қатори варзишгарони муваффақ бинад. Ҳамчунин, Шукронахон тавонист додарчааш Илҳомҷонӣ Муҳаммадро низ ба варзиш одат кунонад. Ин аст, ки ҳамагон ҳанӯз аз хурдсолӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим шавқу завқи беандоза пайдо карда, то ба дараҷаи чемпион шудан расидаанд. Илҳомҷонӣ Муҳаммад аз синни 5‐солагӣ ба варзиш шуғл дошта 5 карат чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, се карат чемпиони мусобиқаҳои байналхалқӣ дар шаҳри Бишкек ва Тошканд буда, ду маротиба дар мусобиқаи варзишии шаҳри Тошканд ширкат варзидааст. Ӯ хонандаи МТМУ №9‐и шаҳри Хуҷанд мебошад. Хоҳари хурдиаш Илҳомҷонӣ Сумайя ҳарчанд 9 сола бошад ҳам аллакай чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба каратэ‐до байни кӯдакон гаштааст.

Шукрона худ хонандаи синфи 7‐и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аст. Духтарак дар муассиса бо баҳои хубу аъло таҳсил дорад, дар чорабиниҳои муассисавӣ ва берун аз он фаъолона иштирок мекунад, дар як вақт кӯшиш дорад, ки бо интизоми намунавию таҳсили хубу аълояш пешсафи ҳамсолонаш бошад.

Ҳарчанд Шукрона дар муассиса соҳибобрӯст, аммо машқу тамринро фаромӯш накардааст. Кӯшиш дорад, ки ҳамеша аз навгониҳо бохабар бошад, устоди аввалини худро дар ин самт қиблагоҳаш‐ Илҳомҷон Исмоиловро медонаду боз ҳам хизматҳои устодаш Темурхон Қаюмов (Чемпиони ҷаҳон оид ба каратэ навъи Год зю рю, дорандаи камарбанди сиёҳ, раиси федератсияи каратэ навъи Год зю рю ва миллӣ)‐ро фаромӯш намекунад, аз гуфтаи онҳо сар наметобад, мекӯшад, ки дар қатори беҳтаринҳо бошад.

Дастоварди беҳтарини ӯ дар соҳаи варзиш ин иштирок дар мусобиқаву чемпионатҳои ҳудуди кишвар ва берун аз он мебошад. Навраси варзишгар аллакай се карат чемпиони мусобиқаҳои варзишӣ оид ба каратэ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ва ду карат чемпиони мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гаштааст.

Дар мактаб ҳамагон ӯро иззату эҳтиром менамояд. Директори таълимгоҳ Фаррух Каримзода ва роҳбари синфашон Муҳайё Акмалова шоду мамнун аз онанд, ки варзишгаре чун Шукронахон доранд.

Чемпиони даҳкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба каратэ‐до, чемпиони якчандкаратаи мусобиқаҳои байналхалқӣ, иштирокчии барномаи «Шоу – талант ‐ 2015» дар Федератсияи Россия ва Шоу‐талант‐2016 дар Осиё, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардида буд, ғолиби мусобиқаи тан ба тан дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст қаҳрамони мо Илҳомҷонӣ Шукрона.

Ӯ имрӯз ифтихор аз он дорад, ки дар ватанамон ‐ Тоҷикистон тамоми шароитҳои мусоид барои машқу тамрин фароҳам оварда шудааст. Варзишгари наврас умед дорад, ки дар оянда ба муваффақиятҳои беназир соҳиб шуда, дар ҷодаи ин соҳаи ҳаётан муҳим дастовардҳои нав ба навро касб менамояд ва парчами кишвари худро баланд мебардорад. Номи худ, мактабиён, шаҳру вилоят ва ҷумҳурии худро то ба арсаи байналмилалӣ боло мебарад.

Дар интиҳо Шукрона Илҳомҷонӣ тамоми дастовард ва пешравии худро ҳам дар самти хониш ва ҳам варзиш аз дастгириҳои бевоситаи падар ‐ Илҳомҷон Исмоилов ва устодон‐Фирӯза Мақсудова, Ҷо Чун Си Вадим ва Темурхон Қаюмов медонад ва миннатдориву сипоси худро ба онҳо расонида мекӯшад то дар оянда низ номбардору парчамбардори мактаб ва соҳаи варзиши кишвар бошад.

Насими САИДМУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh