ТЕННИСБОЗОНИ ВИЛОЯТ – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН

Варзишгарони вилояти Суғд бори дигар собит сохтанд, ки дар миқёси мамлакат аз беҳтарин дастаҳоанд. Ҳайати командаи яккачини вилоят аз рӯи варзиши тенниси рӯи миз дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ғолибиятро ба даст оварда, аз пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бо сари баланд баргаштанд. Дар мусобиқаҳо байни наврасон ва духтарони то синни 18-сола аъзоёни дастаи вилоят соҳиби якчанд медалҳо гардиданд. Ҳам дар тарзи даставӣ ва ҳам аз рӯи қувваозмоии якка ҳайати дастаи вилояти Суғд соҳиби ҷойҳои аввалин шуданд. Дар қувваозмоии якка Бадриддин Баҳриддинов байни ҷавонон ва Шаҳзода Эргашева байни духтарон сазовори ҷойи якум гардиданд.

Мактаби вилоятии тенниси рӯи миз, ҳамчунин мактаби шаҳри Хуҷанд чун саромадони тенниси рӯи миз дар Тоҷикистон бо маҳорату малакаи хоси худ шуҳрат доранд. Ин мактаб бисёр дастпарварони худро дорад, ки дар айёми шӯравӣ ба онҳо мураббиёни номдору варзида, аз ҷумла Устоди варзиши СССР Виктор Хоменко маҳорату малака омӯхтаанд. Ин мураббӣ ҳамчунин чемпионкаи мутлақи Иттиҳоди Шӯравӣ ва минбаъд чемпионкаи Аврупо Инна Коваленкоро ба чемпионатҳо омода кардааст.

Алҳол ин варзишгар дар шаҳри Дубна истиқомат дошта, то ҳол бо намуди варзиши тенниси рӯи миз машғул аст ва се сол қабл дар мамлакати Бразилия байни собиқадорон дар ин намуд чемпион гардид. Ҳамсари ӯ Мадина Шарофиддинова ва писари онҳо низ Устоди спорти СССР мебошанд.

Ва ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол дастаи яккачини наврасони Федератсияи Россияро ҳамшаҳрии мо, зодаи шаҳри Хуҷанд Вадим Рустамович Ахмедов роҳбарӣ мекунад. Вай сармураббӣ, Ноиб-президенти Федератсияи тенниси рӯи миз, ҷонишини Вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Федератсияи Россия, хатмкардаи мактаби тенниси рӯи мизи шаҳри Ленинобод, Устоди спорти СССР, фарзанд ва шогирди Устоди спорти СССР Рустам Каримҷонович Ахмедов мебошад.

Ҳамчунин, номи устодони спорти СССР, чемпионкаи бисёркаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфинисо Саидолимова, Зафар Шодиев ва Аъзам Яҳёев байни дӯстдорон ва устодони тенниси рӯи мизи мамлакат машҳур аст.

Бояд гуфт, ки дастаи яккачини вилоятро ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мураббиёни соҳибтаҷриба – Мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари сексияи вилоятии тенниси рӯи миз Толибҷон Нурматов, корманди хизматнишондодаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон Аҳмадҷон Бобоев, мураббии дараҷаи якум, чемпионкаи бисёркаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Раҳматова ва ҳамчунин Афзал Маҳмудов ва Валиҷон Тӯхтаев омода карданд.

Толибҷон Нурматов беш аз сӣ сол аст, ки дар Гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд мураббӣ оид ба тенниси рӯи миз аст. Ӯ худ шогирди мураббиён Аъзам Яҳёев, Рустам Ахмедов ва Виктор Хоменко мебошад.

Албатта, ғолибият дар қувваозмоии ҷумҳуриявӣ худ аз худ ба даст наомадааст. Ҷои пӯшидан нест, ки шароити толори варзишии Гимназияи №4 барои тенниси рӯи миз номувофиқ аст. Барои машқҳои пагоҳирӯзӣ шароит набуда, аксар вақт машқҳои оид ба теннис бо дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ баробар рост меоянд. Аз ин рӯ, бачагонро лозим меояд, соатҳо поён ёфтани дарсро интизор шаванд, ки ин ба соатҳои шаш-ҳафти бегоҳ рост меояд. Мавсими зимистон бошад, волидон ба машқгузаронии фарзандашон розӣ намешаванд. Бо як сухан, муаммои толори варзиш ва ҷамъкунии бачагон солҳо инҷониб ҳалталаб аст.

Худи бачагон бошанд, ба ин намуди варзиш шавқи беандоза доранд, зеро ин намуди варзиш хеле намуди серҳаракат буда, ба равнақёбии тарзи ҳаракат ва системаи нафаскашӣ мусоидат мекунад, қобилияти биноиро беҳтар месозад, чунки мушакҳои чашм доимо дар ҳаракатанд. Умуман, ин намуди варзиш ҳам барои бачагон, ҳам калонсолон намуди шавқангез мебошад ва дар ҷое хоҳед, мизи теннисро гузошта, бозӣ кардан мумкин аст.

Аммо баҳри варзиши профессионалӣ, барои ба даст овардани комёбиҳо ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зарур аст, ки Маркази вилоятии тенниси рӯи миз дар хизмати шавқмандон бошад, чӣ тавре дар фурсати кӯтоҳ Маркази камонварии Зебунисо Рустамова ифтитоҳ ёфт. Он гоҳ ҳамчунин  метавон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир намуд ва дастпарваронро дар сатҳи баланд омода кард. Бояд дар самти фароҳам овардани шароитҳои мусоид тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, дар акси ҳол бачагони қобилиятнок аз назарҳо дур хоҳанд монд.

Ба онҳое, ки чемпиони мамлакат гардиданд, барору комёбиҳо ва зафарҳои нав ба нав хоҳонем.

Игор Мазур-Симченко,

мухбир-суратгир,

Рафоат Мӯъминова

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh