Варзиш-муаррифгари давлату миллат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Миллати ҷисман солим руҳан низ солиму муқтадир мешавад”.

Бо назардошти аҳамият ва муҳимияти ин нукта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масоили марбут ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди нодири миллати тоҷик тавонист, ки ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва фароҳам омадани имкониятҳои васеи варзишӣ заминаи мусоид фароҳам орад.

Таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзишӣ, баргузории чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз зумраи ташаббусҳои шоистаи Ҳукумати кишвар аст, ки дар самти оммавигардонии варзиш роҳандозӣ мешаванд.

Маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш ва ҳалли мушкилоти он барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ низ қабул гардиданд.

Чуноне Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр мекунанд: “Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму руҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад”.

Татбиқи амалии ин гуфтаҳоро, ки аз мақсаду мароми меҳварии фаъолияти давлат унвон мешавад, дар зиндагии рӯзмарра пайваста шоҳид мешавем.

Ин ҷо барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавон  МД Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонвариро мисол овард, ки он ҳанӯз соли 2015 ташкил гардида, дар аввал шароити на он қадар мусоид дошт. Якуми апрели соли 2023 бо дастгириҳои бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  дар дохили Маҷмааи 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои хуштарҳи замонавӣ бо ҳама таҷҳизоти лозимӣ ҷудо гардида, аснои сафари кории Пешвои миллат ба истифода дода шуд.

Аснои суҳбат бо роҳбари мактаби мазкур Абдуғаффор Рустамов маълум гардид, ки дар ин даргоҳ баҳри наврасон ва ҷавонони дӯстдори ин намуди варзиш шароити хуби тамрин фароҳам оварда шудааст. Варзишгарон аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ҳамагӣ 98 нафар мебошанд. Бештари варзишгарон дар озмунҳо ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ба даст оварда истодаанд. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби 11 медали тилло, 4 нуқра  ва 5 биринҷӣ гардидаанд. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Мавзуна Азимова оид ба намуди камонварӣ ширкат намуда, мавқеи муносибро ба даст овард. Дар сафи шогирдони муваффақи ин даргоҳ Умеда Ҷураева, Маъруф Азимов ва дигаронро низ метавон ном бурд.       

-Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, хуб дарк мекунем, ки аҳамияти хос ба варзиш аз гузаштагони мо мерос мондааст. Миллати сарбаланди тоҷик аз азал бо оинҳои ҷавонмардиву паҳлавонӣ маъруф буд ва варзишро ҳамчун омили зиндагии шоиста, қосиди сулҳ ва кафили солимӣ медонист.

Воқеан, дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рушд намуда истодааст. Мо - қишри пешбарандаи ҷомеаро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ҷиҳати сазовор шудан ба боварӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат аз тамоми имкониятҳо истифода барем. Саъй намоем, то ин ки муаррифгари арзандаи миллату давлат бошем, ҷиҳати тарғиби ғояҳои давлати демократӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонони кишвар, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии таъсири ақидаҳои ифротӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва тарбияи ҷисмонии мардум масъулият эҳсос кунем. Айни замон шогирдони мо барои иштирок ба бозиҳои осиёӣ, ки дар Хитой баргузор мегардад, тайёрӣ дида истодаанд,-гуфт дар интиҳо Абдуғаффор Рустамов. 

Танҳо бо интихоби тарзи ҳаёти солим мо метавонем, Тоҷикистони азизамонро ба давлати аз ҳама муқтадиру неруманд мубаддал созем. Қуввати мо дар муттаҳидӣ ва дастовардҳоямон аз ҷисму руҳи солим аст! 

 Насими Саидмуҳаммад,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh