Табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Варзишгарони арҷманд, муҳтарам кормандони соҳаи варзиш!

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар кишвари азизи мо санаи 10 - уми август Рӯзи варзишгарон мутантан таҷлил мешавад. Иқдоми мазкур   самараи неки сулҳ ва суботи сиёсӣ буда, аз ҷониби дигар далел аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш маҳсуб меёбад. 

Бо истифода аз фурсати муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шумо, варзишгарон - муаррифгарони Ватанро табрик намуда, ба шумоён саломатӣ, сарбаландӣ ва саодату комёбӣ таманно мекунам.

Мову Шумо хуб медонем, ки Истиқлолият ҳамчун дастоварди неки мардуми сарбаланди кишвар ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, татбиқи ормонҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинон заминаи мусоид фароҳам овард. Дар шароити кунунӣ ҷиҳати рушди соҳаи варзиш дар вилояти Суғд тамоми шароит ва имконот фароҳам оварда шудааст, ки аз файзу баракоти фазои тинҷию оромист.

Варзиш қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифии кишварҳо, инчунин воситаи беҳтарини саломатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дарки аҳамияти ин нуқта дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар самти таъмини рушди соҳа, фароҳам овардани имкониятҳои арзандаи варзишӣ, дастгирӣ нисбат ба варзишгарон, қадршиносии кормандони соҳа иқдоми имконпазирро амалӣ мекунад.

Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар вилоят 2854 иншооти варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 49 варзишгоҳ, 1974 майдончаи варзишӣ, 624 толорҳои варзишӣ, 39  ҳавзҳои шиноварӣ ва 160 маҷмааҳо, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ маҳсуб меёбанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва Барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш тамоми шароитҳои заруриро фароҳам орад.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарин, қадршиносии  варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми қарори зикргардида ба шумор мераванд.

Сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам овардааст, ки варзишгарони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва манзалати хоса касб намоянд. Онҳо дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ, Осиёӣ ва байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувваозмоӣ намуда, медалу ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб шуданд.

Имрӯз мо бо ифтихор номи варзишгарони вилоят - Комроншоҳи Устопириён, Довуд Махкамов, Александр Пронженко, Амирҷон Бобоҷонов, Фарҳод Охунзода, Сайфиддин Сайфиддинзода ва дигаронро ба забон оварда метавонем, ки шарафи варзиши тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ боло бурда, Парчами Тоҷикистони азизро дар толору майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон сохтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад”.

Ман ба ҳамаи Шумо ҷавонон – варзишгарони номии вилоят барору комёбиҳо таманно мекунам.  

Рӯзи варзишгарон муборак, Парчамбардорони миллат!

Add comment


Security code
Refresh