Таҷлили Рӯзи варзишгарон

10 август дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Раиси вилоят зимни ироаи паёми табрикии худ варзишгарон ва парчамбардорони Ватани азизамон -Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рўзи варзишгарон табрику таҳният гуфт.

 Таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонони варзишгар тамоми тадбиру иқдоми зарурӣ ба роҳ монда мешавад. Баргузории мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони мамлакат, таҷдид, бунёд ва азнавсозии маҷмааву варзишгоҳҳо дар марказҳои шаҳру навоҳии кишвар, таъсис додани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қадршиносии варзишгарони беҳтарини кишвар, эҳёи намудҳои варзиши миллӣ далел аз дастгирии Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти давлат нисбат ба соҳаи варзиш аст.

Дар вилояти Суғд 2854 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 1974 майдончаи варзишӣ, 624 толорҳои варзишӣ, 39 ҳавзҳои шиноварӣ ва 160 маҷмааҳо, иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд. Давоми солҳои 2018 – 2022 ва 6 моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят беш аз 390 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 307 майдончаи варзишӣ, 75 толори варзишӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ, 2 варзишгоҳ ва 3 маҷмааи варзишӣ ба маблағи умумии 147 миллиону 118 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 42 мактаби варзишӣ фаъолият менамояд, ки аз ин 1 мактаби маҳорати олии варзишӣ, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва 29 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо мебошанд, ки дар он беш аз 20 ҳазор наврасону ҷавонон ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2300 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.

-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш тамоми шароитҳои заруриро фароҳам орад,-илова намуд роҳбари вилоят.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми қарори зикргардида ба шумор мераванд.

Тибқи нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ, оммавӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар нимсолаи аввали соли 2023-юм 39 мусобиқаву чемпионатҳои вилоятӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки дар онҳо беш аз 3 ҳазору 370 нафар варзишгарони вилоят, аз ҷумла 400 нафар духтарон, дар 52 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 34 мусобиқаи байналмилалӣ, инчунин 2 ҳазору 100 варзишгар, аз ҷумла 500 нафар бонувон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сарпарастон иштирок намуда, ба гирифтани 346 медали тилло, 405 медали нуқра ва 563 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Имрӯз мо бо ифтихор номи варзишгарони вилоят - Комроншоҳи Устопириён, Довуд Махкамов, Александр Пронженко, Амирҷон Бобоҷонов, Фарҳод Охунзода, Сайфиддин Сайфиддинзода ва дигаронро ба забон оварда метавонем, ки шарафи варзиши тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ боло бурда, Парчами Тоҷикистони азизро дар толору майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон сохтаанд.

Раиси вилоят ҳамзамон зарур шуморид, ки варзишгарон, мураббиён, кормандон ва масъулони соҳа барои шарафёб гардидан ба муваффақиятҳои боз ҳам баландтар ба масъалаи пешбурди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ҳамарўза таваҷҷўҳ зоҳир намоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони сарбаланди вилоят ва устодони онҳо барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби хеш кўшишу ғайрат намуда, маҳорату таҷрибаи андўхтаашонро барои тарғибу ташвиқи варзиш ва омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои оянда сафарбар менамоянд.

Сипас, ба 50 нафар варзишгарони номии вилоят ва устодону мураббиёни онҳо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh