Ба ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ диплом ва ҷоизаҳо супорида шуд

Бегоҳии рӯзи 14 октябр дар толори Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо иштироки 3000 нафар варзишгарон, мураббиён, собиқадорони соҳа, донишҷӯён, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии вилоят, кормандони ташкилоту идораҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ Рафик Валиев нахуст даври финалии чемпионатро тамошо карданд.

Даври финалии чемпионати мазкур аз рӯи 8 вазн, аз ҷумла 4 вазн аз намуди тарзи озод ва 4 вазн аз намуди классикӣ дар алоҳидагӣ сурат гирифт. 

Ба ғолибону ҷоизадорони чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ аз ҷониби Раиси вилоят ва Раиси Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ медал, диплом, тӯҳфаҳои пулӣ ва ба ғолибони даставӣ Ҷоми Раиси вилояти Суғд тақдим карда шуд. 

Ҳамзамон, ба 20 нафар доварони Федератсияи байналмилалии камарбандӣ ба хотири шафофу одилона доварӣ намудани чемпионати мазкур аз ҷониби Раиси вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh