Ҷаласаи васеи Федератсияи футболи вилояти Суғд

13 декабр дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён" ҷаласаи Федератсияи футболи вилояти Суғд баргузор гардид. 

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд, муовини Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи вилоят иштирок доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғоз иброз дошт, ки ҷаласаи имрӯза дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳо бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шавад. 

Қайд гардид, ки футбол дар кишвар яке аз намудҳои маъмули варзиш ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми беназири Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сол аз сол рушд ва инкишоф ёфта истодааст. 

Тазаккур дода шуд, ки Федератсияи футболи вилоят яке аз ҳамоҳангсозони “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022 - 2026” ва “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2024” буда, барои оммавӣ гардонидани футбол, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаи дўстӣ, дарёфти чеҳраҳои нави варзишгарон ва бо ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ нақши калидӣ дорад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 49 варзишгоҳ ва 1995 майдончаи варзишӣ, ки 70 фисади он ба рушди футбол равона шудааст, ба қайд гирифта шудааст.

Давоми солҳои 2017-2022 ва нўҳ моҳи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмўъ 379 иншооти варзишӣ, аз ин 2 варзишгоҳ, 372 майдончаи варзишӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба оммавияти футбол дар ҷомеа нақши калидӣ мебозад.  

Бояд қайд намуд, ки дар вилоят 42 муассисаҳои тайёрии варзишӣ, аз ин 6 мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон амал менамоянд, ки дар онҳо беш аз 130 нафар мураббиён дар 260 гурўҳ аз рўи намуди футбол фаъолият намуда, ба 4000 нафар варзишгар, аз ин 300 нафар духтар дар варзишгоҳу майдонҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамарўза машғулиятҳои варзишӣ мегузаронанд.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи футбол, мустаҳкам намудани робитаи дўстӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани дастаи мунтахаб дар вилоят бештар аз 100 мусобиқаи оммавию варзишӣ аз рўи намуди футбол ба монанди Лигаи дуюм, барои дарёфти ҷоизаи «Бойчечак» дар се гурўҳи синнусолӣ, минтақавӣ байни панҷ синну сол ва ғайра, бо иштироки 18 дастаи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, ки дар натиҷа ғолибон ва ҷоизадорон муайян гардида, ба марҳилаи ниҳоӣ сафарбар карда шуданд.

Ҳамзамон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли сеюм аст, Федератсияи футболи вилоят якҷо бо раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футбол байни деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор намуд истодаанд. 

Сипас иштироки дастаҳои вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якум, вазъи дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо мавриди таҳлил қарор гирифта, раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба вазъи кунунии дастаҳо ва дастгириву мушкилоти мавҷуда маълумот доданд. 

Бо таҳлили вазъи кунунӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба раисони шаҳру ноҳияҳо, ки ҳамзамон раисони федератсияи футболи шаҳру ноҳияҳо ҳастанд, барои таъмиру навсозии варзишгоҳҳои калон, дастгирии дастаҳои футбол, таъмини иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ташкили дастаҳои футзал, гузаронидани мусобиқаҳои футбол ва тарбияи футболбозони ҷавону наврас супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh