Варзиши оммавӣ-кафили саломатӣ

Рўзи якшанбеи 18-уми май дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд чорабинии калони варзишӣ - Дави миллӣ бо иштироки беш аз 12 ҳазор нафар баргузор гардид. Аз субҳи барвақт дар назди маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ дўстдорони варзиш, намояндагони ташкилоту корхонаҳо, макотиби оливу касбӣ ва миёна сарҷамъ омаданд, то дар чорабинии муҳим – Рўзи Дави миллӣ иштироки фаъолона дошта бошанд.

 

Дар ибтидо, пеш аз оғози дави оммавӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба минбар баромаданд ва аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми варзиш чун мунодии сулҳ ва тарзи ҳаёти солим, сухан гуфтанд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баробари муборакбод гуфтан бо Рўзи ҷавонони Тоҷикистон арз намуд, ки сохта, ба истифода дода шудани як қатор иншооти варзишӣ, муваффақиятҳои варзишгарони вилоят дар мусобиқоти мухталиф, сол то сол зиёд гардидани иштирокчиёни дави миллӣ гувоҳ аз рушду нумўи варзиш дар вилояти Суғд аст.

Дар чорабинӣ варзишгарони синну соли гуногун, устодону донишҷўён, хонандагони макотиби оливу миёна дар масофаи 2 ва 5 км сабқат намуданд.

Иштирокдорони Дави миллӣ аз назди маҷмааи Исмоили Сомонӣ ҳаракат карда, тариқи кўчаи Сирдарё, бо воситаи Пули ҷашнӣ то Боғи Рўдакии МИҲД-и шаҳри Хуҷанд омаданд. Нахустин шуда ба марра донишҷўи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҳасан Ёқубзода расид.

Дар пояи Парчами миллӣ маросими мукофотонидани ғолибони Дави миллӣ баргузор шуд. Ба ғолибони мусобиқа миёни духтарон, собиқадорони варзиш ва ҳам ташкилоту корхонаҳои фаъол тўҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят супур-да шуданд.

Чунин чорабиниҳо бахшида ба рўзи Дави миллӣ дар дигар марказҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ баргузор гаштанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
хабарнигори “ҲС”

Add comment


Security code
Refresh