Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд
- Details
- Published on Friday, 22 December 2023 15:08
21 декабр дар Кохи фарҳанги "Суғдиён" маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ин маросим Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Ўрунов, дастаҳои футболи вилоят ва собиқадорон, бозигарону варзишгарон иштирок намуданд.
Раиси вилоят дар оғози суханронии худ аз иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба футбол, ки бори аввал иштирок менамояд, изҳори хушнудӣ намуда, илова кард, ки дар мамлакат бо дастгириҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушди соҳаи варзиш таъмин гардида истодааст.
Тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2024” ва “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022 - 2026” ҳамасола дар қаламрави вилоят аз ҷониби Раиси вилоят фаъолияти футболбозон, мураббиён ва кормандони соҳаи футбол натиҷабардорӣ карда мешавад.
Тавре таъкид шуд, барои дастаҳои футболи вилоят имсол соли хотирмон буд. Зеро клуби футболи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд бори аввал дар таърихи худ тавонист дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи Олӣ дар соли 2023 мақоми сеюмро соҳиб гардида, медали биринҷии чемпионати мазкурро соҳиб гашт. Илова бар ин, дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар Лигаи якум бо гирифтани нишони нуқра ба Лигаи олии кишвар роҳхат пайдо намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Федератсияи футболи вилояти Суғд Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол, минтақаи Суғд баргузор гардид, ки дар он 10 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок ва қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа ҷойи сеюм насиби дастаи “Рўмон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм насиби дастаи “Мастчоҳ"-и ноҳияи Мастчоҳ ва зинаи аввал насиби дастаи “Саразм”-и шаҳри Панҷакент гардид.
Раиси вилоят ҳамзамон аз рушд ва инкишофи футболи кўдакону наврасон, футболи духтарон ва бонувон, иштироки футболбозони навраси вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ёдовар шуда, барои тарғибу ташвиқи футбол ва омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои оянда тавсияҳо дод.
Сипас, Раиси вилоят ба собиқадорон туҳфаҳои хотиравӣ супорид ва беҳтаринҳои футболи наврасон, бонувон, футзал ва беҳтаринҳои Лигаи дуюм дар соли 2023 қадрдонӣ шуданд.
Ба дастаҳои ғолиби Лигаи дуюм низ медалҳо ва Ҷом супорида шуд, дастаи “Саразм” соҳиби медалҳои тилло ва Ҷом, дастаи “Мастчоҳ” соҳиби медалҳои нуқра ва КФ “Румон” соҳиби медалҳои биниҷӣ гардиданд.
Инчунин ба дастаи КФ "Эсхата" медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи Олӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд