Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт

9 январ дар деҳаи Сарвати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. 

Дар маросими баистифодадиҳии иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бо сокинон суҳбат намуд. 

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз рушди соҳаи варзиш ва бунёди иншооти варзишӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наврасону ҷавонон даъват кард, ки мунтазам ба варзиш машғул шаванд. 

Тавре иттилоъ дода шуд, майдончаи варзишӣ бо мақсади ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим фаро гирифтани насли наврас аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҷӯраев сохта шудааст. 

Масоҳати умумии иншооти варзишӣ 800 метри мураббаъро ташкил карда, бо харҷи 350 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ашт 4 муассисаи давлатии мактабҳои варзишии №1, №2, №3 ва мактаби махсуси варзишии футбол фаъолияти кории худро ба роҳ монда, бобати амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», инчунин ҳарчӣ бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш, тайёр намудани варзишгарони болаёқат, фаъолият доранд. 

Дар ин муассисаҳо 65 нафар мураббиён аз рӯи 14 намуди варзиш, аз ҷумла бокс, волейбол, гуштини тарзи озод, футбол, варзиши сабук, шоҳмот, гуштини камарбандӣ, дастхобонӣ ва чавгонбозӣ (7 намуд олимпӣ, 3 намуд ғайриолимпӣ ва 3 намуди варзиши миллӣ) барои дар сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ тайёр намудани варзишгарон ва оммавигардонии варзиш тадбирҳои амалӣ меандешанд. 

Натиҷаи меҳнати устодону мураббиён аст ,ки соли 2023 варзишгарони ноҳия дар як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh