Маросими супоридани Стипендияи Раиси вилояти Суғд ба варзишгарон

25 январи соли 2024 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими қадршиносии варзишгарони вилоят ва мураббиёни онҳо барои дастовардҳо дар соли 2023 баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат дар ҳузури варзишгарон қайд намуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят варзишгарони беҳтарин, мураббиён ва кормандони соҳаи варзиш қадршиносӣ мешаванд.

Натиҷаҳои соҳаи варзиш дар соли 2023 нишон медиҳанд, ки бобати сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳо дар шаҳру ноҳияҳо дар самти сохтмон ва барқарорсозии иншооти варзишӣ, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи гуногуни ҷаҳонӣ, рушди намудҳои олимпӣ ва афзун гардондани теъдоди варзишгарон корҳои зиёд амалӣ гардидаанд.

Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2023-юм 50 мусобиқаву чемпионатҳои вилоятӣ баргузор гардид, ки дар онҳо беш аз 6 ҳазор нафар варзишгарони вилоят, аз ҷумла 780 нафар бонувон ширкат варзиданд. Ҳамзамон, дар 140 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 64 мусобиқаи байналмилалӣ 9 ҳазору 100 варзишгар иштирок намуда, ба гирифтани 1 ҳазору 294 медали тилло, 1 ҳазору 268 медали нуқра ва 1 ҳазору 434 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Варзишгарони вилоят Комроншоҳи Устопириён дар Гранд прӣ оид ба намуди гўштини дзюдо ҷойи якум, Сайфиддинзода Сайфиддин дар Ҷоми Осиё оид ба намуди гўштини дзюдо ҷойи 3-юм, Шаҳбоз Ҳаитов, Довуд Махкамов, Меъроҷ Сўфиҷонов, Мансурхўҷа Мўъминов ва Баҳромбек Ҳотамов дар чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва ҷавонон ҷойҳои сеюм, Дамир Отаев, Амир Обидов ва Шоҳиҷаҳон Бобоев дар чемпионати Осиё оид ба гўштини юнонӣ – румӣ байни наврасон мутаносибан ҷойҳои якум ва сеюм, Ҷамшед Мақсудов дар Фестивали ҷаҳонӣ оид ба гўштини тарзи озод байни собиқадорон ҷойи якум, Бобоҷон ва Амирҷон Бобоҷоновҳо, София Мўъминова, Гузал Салимова ва Снежана Гостева дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ байни наврасону ҷавонон ҷойҳои сеюм, Александр ва Леонид Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ва Мирсаид Мирзозода дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншоотҳои варзишии болопўшида ҷойҳои сеюм, Акмал Қодиров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дастхобонӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд ҷойи якум, Одинамаҳмад Зиёев, Зафарҷон Мўсоев, Рўзибой Сафаров, Асрор Бойқўзиев ва Сайфиддин Худойбердиев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гўштини камарбандӣ ҷойи якум ва Мирзодалер Хуршедзода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ушу ҷойи якумро сазовор гардиданд, ки боиси ифтихор аст.

Тазаккур дода шуд, ки варзиш қосиди сулҳу дўстӣ мебошад ва он чун нерўи пурҷозиба дар қалби миллионҳо одамон ҷой гирифтааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят барои рушди соҳаи варзиш як силсила қарор ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда истодааст.

Бо қарори Раиси вилоят аз 3 июни соли 2022-юм Нақшаи чорабиниҳои "Барномаи маҳаллии маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026" ва "Барномаи рушди футбол дар вилояти Суғд" барои солҳои 2022-2026" мавриди амал қарор доранд.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои 60 нафар варзишгари беҳтарини вилоят, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, гузаронидани наздик 1500 мусобиқаи вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми қарори болозикр ба шумор меравад.

Ҳамзамон дар соли 2023 дар вилоят 74 иншооти варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дигар сарчашмаҳо сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Раиси вилоят ғолибони мусобиқаҳои варзиширо барои пирўзиву дастовардҳояшон дар соли 2023 табрику таҳният гуфта, ба онҳо стипендияҳоро супорид.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин барои таъмини оммавияти варзиш ва афзоиши теъдоди мусобиқаҳои варзишии даставӣ дар байни донишҷўёну хонандагон, ҷавонону занон, соҳибкорон ва қишрҳои дигари ҷомеа, фароҳам овардани шароити зарурӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаи варзиш ба масъулин супоришҳо дода, изҳори боварӣ намуд, ки варзишгарони вилоят дар соли 2024-ум низ барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби хеш дар ин соҳа тамоми кўшишу ғайрати хешро равона менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh