Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз варзишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд

Рӯзи якшанбеи 28 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо вазъи кунинии варзишгоҳҳо шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба варзишгоҳи «Спартак» омада, ҷараёни корҳои омодасозии варзишгоҳ ба мавсими навро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре мушоҳида гардид, дар варзишгоҳ корҳои таъмиру омодагӣ идома дошта, дар он дастаи футболи «Эсхата» машқу тамрин мекунад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, ситоди мураббиёни клуб барои то 1 март пурра омода намудани варзишгоҳ супоришҳои қатъӣ дод.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, нишондодҳои даста бояд беҳтар карда шавад.

Сипас, Раиси вилоят ба варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» омада, ба ҳайати дастаи «Хуҷанд» мулоқот кард.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат иброз дошт, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон футбол дар мамлакат рушд карда, ин шабу рӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати Осиё муваффақона иштирок дорад.

Раиси вилоят ба масъулин ва роҳбарияти даста барои дар сатҳи баланд гузаронидани омодагиҳо ба мавсими нави футбол, дастрас кардани таҷҳизоти равшанидиҳанда барои варзишгоҳ, дастгирии доимии футболбозон ва фароҳам овардани шароит ба онҳо, беҳтар намудани нишондиҳандаҳо супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh