Нахустин иштирок ва натиҷаи назарраси тими мунтахаби футболи Тоҷикистон
- Details
- Published on Wednesday, 31 January 2024 12:54
Бо дастгириҳои ҳамешагии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси федератсияи футбори кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ сол аз сол соҳаи варзиш, махсусан футбол рӯ ба пешравӣ ниҳода истодааст. Мунтахаби футболи кишвар дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ обрӯву нуфузи футболи меҳанро дар арсаи байналмилаӣ боло бардоштаанд.
Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, дар кишвари Қатар Ҷоми миллатҳои Осиё оид ба футбол ҷараён дорад. Ин мусобиқа аз санаи 12 – уми январи соли равон оғоз гардида, то санаи 16 – уми феврал идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа 24 дастаи пурқуввати ин қитъа иштирок намуда, байни ҳам сабқаб намуда истодаанд. Тими миллии футболи Тоҷикистон низ ба қатори ин дастаҳои номдор шомил гардида, бори аввал аст, ки ширкат меварзанд. Футболбозони кишвар дар гурӯҳ бо дастаҳои Қатар, Чин ва Лубнон вориди майдони рақобат гардида, дар аввалин бозии худ муқобили тими миллии Чин мусовӣ намуданд. Пасон бо мизбони рақобатҳо тими миллии Қатар бо ҳисоби сифр бар як мағлуб гардиданд. Дар бозии охирини гурӯҳии худ мунтахаби футболи Тоҷикистон футболбозони Лубнонро шикаст дода, бо гирифтани чаҳор имтиёз ба даврҳои минбаъда роҳхат гирифтанд.
Дар даври якҳаштниҳоӣ мунтахаби футболи Тоҷикстон санаи 28 – уми январ бо тими милли Амороти Муттаҳидаи Араб вориди майдони рақобат гардид. Гарчанде, рақиби дастаи Тоҷикстон дар дақиқаҳои аввали бозӣ имкониятҳои зиёди голзаниро пайдо намуданд, лекин дифогарон ва дарвозабони бомаҳорати тими мунтахаби Тоҷикистон нагузоштанд, ки туб вориди дарвозаи Рустам Ятимов гардад.
Футболбозони бомаҳорати кишвар пас аз омӯхтани рақиб, бо ҳуҷумҳои пайдарҳами худ тавонистанд дар қисми аввали бозӣ дарвозаи ҳарифро рахна намуда, ҳисобро як бар сифр ба фоидаи худ намоянд. Голи мунтахаби Тоҷикистонро дифогар Ваҳдат Ҳаннонов ба самар расонид. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар ин ҳолат футболбозони меҳан руҳафтода нагардида, дар 30 дақиқаи вақти изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11‐метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуда ба даври ҷаҳоякниҳоӣ роҳи худро ҳамвор кард.
Дар даври ҷаҳорякниҳоӣ бошад, мунтахаби кишвари мо бо дастаи футболбозони кишвари Урдун андари майдони рақобат мегарданд.
Дар соли аввали иштирок то ба даври ҷаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтан худ як қаҳрамонист. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон соли 2023 – юм, дар раддабандии ҷаҳонӣ зинаи 106 – умро соҳиб гардида буд.
Пас аз ҳунарнамоии хуб ва ғолибият бар муқобилии тими Лубнон мақоми 96 – умро касб намуд. Инчунин натиҷаи назарраси тими миллӣ паз шикаст додани мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб, мунтахаби Тоҷикистон боз даҳ зина боло баромад, дар байни беш аз дусад кишварҳои олам мақоми 89 – умро касб намуд.
Пас аз бозии хуб нишон додан дар даврҳои гурӯҳӣ, шаҳрвандони кишварҳои гуногуни Осиё дар бозии бо Амороти Муттаҳидаи Араб, ки дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардид, тими миллии Тоҷикстонро мухлисӣ намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои телевизионии байналмилалӣ ба футболбозону мураббиён аҳсану офаринҳо гуфтаанд.
Тибқи иттилое, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр гардидааст, Игор Черевченко собиқ сармураббии дастаи «Истиқлол»‐и шаҳри Душанбе дар мусоҳиба бо сомонаи маъруфи «Спорт Эксперсс», доир ба ғалабаи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон гуфтааст, ки ғалабаи футболбозони тоҷик шоистаи таҳсин, ҳаққонӣ ва як ҷаҳиши муҳим дар рушди футболи тоҷик аст.
Ҳамчунин, ба ғалабаи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ҳаштякфинали чемпионати Осиё аз ҷониби мутахассисони шинохтаи соҳа ба таври шоиставу арзанда баҳо гузошта шуд.
Инчунин, Игор Черевченко дар мусоҳибаи худ гуфтааст, ки онҳо ғалабаи ҳаққонӣ ба даст оварданд, бояд дар вақти асосӣ пурра бозиро бо ғалаба ҷамъбаст менамуданд. Барои тамоми мардуми Тоҷикистон ин иди бузург аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аллакай ба қатори 8 дастаи беҳтарини футболи Осиё дохил гардид. Ин ифтихори бузург аст. Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон ба даври минбаъда низ роҳ меёбад. Аз бозии имрӯза маълум буд, ки дар баъзе ҳолатҳо тими Тоҷикистон хеле хуб ва ҳатто аз рақиб беҳтар бозӣ кард. Умед дорам, ки дастаи мунтахаби Тоҷикстон то даври нимниҳоии мусобиқоти Осиё роҳхат мегирад.
Ҷоиз ба қайд аст, ки Ҷоми миллатҳои Осиё дар ҷаҳор сол як маротиба баргузор мегардад.
Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми Осиё, ки алҳол ҷараён дорад, 14,8 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби ин мусобиқа соҳиби панҷ миллион доллар мешавад. Иштирокчиёни даври ниҳоӣ 3 миллион доллар, даври нимниҳоӣ 1 миллион доллар ва ҳар дастаи иштирокчии ин мусобиқа соҳиби дусад ҳазор доллари ИМА сарфароз мегардад.
Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”