Истиқбол аз ғалабаи навбатӣ
- Details
- Published on Thursday, 01 February 2024 17:19
Дар назди “Қасри ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ба даври чаҳорякниҳоӣ расидани тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё ҳамоиши ҷавонону варзишгарони вилояти Суғд таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” доир гардид.
Дар он зиёда аз 500 нафар ҷавонону варзишгарон, донишҷӯёну толибилмон ва омӯзгорону мураббиён иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории он истиқбол аз пирӯзии тими миллӣ мебошад.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов сухаронӣ намуда, дар симои ҷавонон ва варзишгарон ба кулли сокинони вилоят ғолибияти мунтахаби футболи кишварро дар марҳалаи ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аз номи Раиси вилоят, раиси федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таҳнияту шодбош гуфт:
–Варзиш, хосатан, футбол яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ҳаёти иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад. Таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис мегардад, ки футболи тоҷик ба тарви бесобиқа рушд ёбад. Имрӯз варзиш, хоса, футбол рукни муҳими солимии ҷомеа буда, дар оммавигардонии он масъулони соҳа нақши калон доранд. Тавре мушоҳида мешавад, футбол маъмултарин навъи варзиш буда, беш аз пеш рушду нумӯъ меёбад. Ғалабаи футболбозони тоҷикро шодбош гуфта, минбаъд ҳам комёбӣ мехоҳем.
Сипас, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ғалабаи навбатии мунтахаби миллиро муборакбод гуфта, афзуд, ки пирӯзии беназир ба шарофати таваҷҷуҳу эътибори ҳамешагии Пешвои миллат ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ махсус ба соҳаи футбол ба даст омад. Футболбозони тоҷик дар бозии Ҷоми Осиё-2023 фаъолона ҳунарнамоӣ карда, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд бардошта истодаанд.
Зимнан, ҷавонон суханронӣ карда, ба футболбозони тими миллӣ комёбӣ хостанд. Дар ҷамъбаст сурудҳои мутантан ва ватандӯстонаи ҷавонон ба ҳамоиш ранги дигар бахшид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи миллии Тоҷикистон дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё бар дастаи АМА ғалаба карда, ба даври навбатӣ роҳ ёфт. Ба футболбозони мунтахаби миллии кишвар дар бозии минбаъда комёбӣ мехоҳем.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”