Ҳадаф-оммавигардонӣ ва рушди варзиш

Бемайлон рушд бахшидани соҳаи варзиш аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва мусоидат намудан ба омодасозии  варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ мебошад. Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд, -таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ.

Дар ин радиф мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент, раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Улуғбек Ҳусейнов доир ба ҷалби ҷавонон ба варзиш ва саҳми ин қишри ҷомеа дар пешбурди соҳаи варзиш сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Панҷакент фаъолияти хешро мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба роҳ монда, баҳри тарғиби ҳамаҷонибаи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш давоми соли 2023-юм баҳри беҳтар намудани сифати раванди машқу тамрин дар гуруҳҳои машғулиятҳои варзишӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстонаи ҷавонон, ҷиҳати ба вуҷуд овардани шароити муосиру замонавии гузаронидани машқу тамрин, баланд бардоштани самаранокии кори ҷисмонӣ-солимгардонӣ ва варзишӣ- оммавӣ корҳои назаррасро амалӣ гардонид. Дар муассиса аз рӯи 11 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, футбол, сеҳарба ва дигар намудҳо чорабинии варзишӣ гузаронида шуда, дар онҳо зиёда аз 2150 нафар варзишгар ҷалб гардиданд, ки 1650 нафари онҳо ҷавонписар ва 500 нафарашон духтарон мебошанд.

Бо мақсади ба таври оммавӣ ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар толорҳои варзишӣ ва майдонҳои варзишии шаҳру деҳот машқи пагоҳирӯзӣ баргузор карда мешавад, ки дар он бештар аз ду ҳазор нафар ширкат мекунанд. Варзишгарони Муассисаи давлатии Мактаби варзишӣ дар зиёда аз 42 мусобиқаи сатҳи мухталиф, аз он ҷумла дар Мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе, қувваозмоиҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, Ҷумҳурии Ӯзбекистону ва шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намоён шуданд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки шогирдони мураббӣ Зоҳир Ҳасанов оид ба гӯштини тарзи озод дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби 2 медали тилло ва ду медали нуқра гардиданд. Алибек Хӯҷаминов ҷавононро доир ба намуди варзиши ҷудо тайёр мекунад. Шогирдони вай дар мусобиқаи кушоди шаҳри Самарқанд аз рӯи ин намуд иштирок карда, сазовори  2 медали биринҷӣ гардиданд.

Дар мусобиқаи вилоятӣ варзишгарони  муассиса аз рӯи намуди  гӯштини озод иштирок карда, ба гирифтани 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ сазовор шуданд. Варзишгарони муассиса бо роҳбарии  мураббӣ Парвиз Бобоев аз рӯи намуди  шухпаймоӣ дар мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 6 медали тилло, 9 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ шуданд.

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71, шаҳри Панҷакент мусобиқаи вилоятӣ оид ба намуди пауэрлифтинг (сеҳарба ) гузаронида шуд, ки дар он варзишгарони Муассиса соҳиби 3 медали  тилло, 5 медали  нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд. Дар мусобиқаи кушоди шаҳри Самарқанд оид ба гӯштини тарзи озод шогирдони мураббӣ Зоҳир Ҳасанов соҳиби 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ шуданд. Дастпарварони мураббӣ Парвиз Бобоев дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шухпаймоӣ иштирок карда, соҳиби 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ шуданд. Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент Чемпионати Тоҷикистон, (Лигаи 2) дастаи Саразми шаҳри Панҷакент бо дастаи Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон бозӣ карда, он ба фоидаи дастаи Саразм анҷом ёфт. Дар ҳамин гуна қувваозмоӣ бо дастаи Спитамен бозӣ карда, низ дастаи Саразм ғолиб гашт.

Шогирдони мураббӣ Миршод Самадов дар мусобиқаи Ҷоми  ҷаҳон аз рӯи намуди варзиши пауэрлифтинг (сеҳарба) дар вилояти Санкт-Петербург иштирок карда, соҳиби 9 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ шуданд. Дар варзишгоҳи ба номи Кирови шаҳри Бӯстон бозии ниҳоии футбол  дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид, ки дастаи Саразм бо дастаи ноҳияи Мастчоҳ қувваозмоӣ карда, ғолиб омад.

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент Чемпионати Тоҷикистон, (лигаи дуюм) дастаи Саразм бо дастаи Суғдиён бозӣ карда, ғолиб омад. Дар мусобиқа оид ба гӯштини тарзи озод дар ноҳияи Ашт шогирдони мураббӣ Зоҳир Ҳасанов сазовори медали нуқра гардиданд. Дар чунин мусобиқа оид ба гӯштингирии миллӣ дар ноҳияи Айнӣ варзишгарони шаҳри Панҷакент соҳиби 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд. Варзишгарони Мактаби варзишӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба унифайт ва унифайт лайт иштирок карда, соҳиби 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд. Дар мусобиқаи кушоди шаҳри Самарқанд оид ба намуди гӯштини тарзи озод варзишгарони Мактаби варзишӣ сазовори медали тилло, 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ шуданд. Дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пауэрлифтинг дар шаҳри Хуҷанд варзишгарони Панҷакент сазовори 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ шуданд. Шогирдони мураббӣ М.Самадов дар мусобиқаи кушоди Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд оид ба намуди вазнбардорӣ иштирок карда, 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Футболбозони Мактаби варзишии шаҳри Панҷакент, ки онҳоро мураббиён О.Бобоев, Б.Султонов омода кардаанд, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол иштирок карда, сазовори 18 медали тилло гардиданд.

Умуман, шогирдони Мактаби варзишиии шаҳри Панҷакент  давоми соли 2023-юм дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 9 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори 52 медали тилло, 30 медали нуқра ва 44 медали биринҷӣ ва дар қувваозмоиҳои вилоятӣ соҳиби 4 медали тилло, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ шуданд. Дар маҷмуъ давоми дувоздаҳ моҳи соли сипарӣ варзишгарони муассиса зиёда аз 239 медал ба даст оварданд, ки аз он 84 ададаш тилло мебошад.

Барои ноил гаштан ба дастовардҳои боз ҳам бештар зарур аст, ки ба истифодаи самараноки  инфрасохтори варзиш, хусусан, ба нигоҳубини дурусти иншооту биноҳои бунёдгардида эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад,- таъкид намуданд Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ.

Дар ин радиф,-мегӯяд Улуғбек Ҳусейнов,- аз соли 2021-ум то охири соли 2023-юм дар шаҳру деҳоти Панҷакент 27 адад майдончаи варзишӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки алҳол ҳамаи он дар ҳолати хуби истифодабарӣ қарор дорад ва ҷавонону наврасон кӯшиш мекунанд, ҳарчи бештар вақти худро бо машғулӣ ба варзиш гузаронанд.

Имрӯзҳо омодагии ҳамаҷонибаи ҷавонони варзишгар дар сатҳи баланд қарор дошта, онҳо ният доранд, соли равон низ дар мусобиқаҳои миқёси байналмилалӣ, мамлакат ва вилоят мавқеъҳои намоёнро соҳибӣ кунанд.

 Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh