Вазъи санитарии маҷмааи ҳавзи шиноварӣ муътадил арзёбӣ гардид

Шиноварӣ чун дигар намудҳои варзиш, барои мардуми тоҷик аз қадим воситаи баланд бардоштани саломатӣ ва обутоби бадан ба шумор мерафт. Шиноварӣ миёни мардуми тоҷик ҳамчун ҳунар, санъати варзишӣ, маҳорати мардонагӣ, ҷасорат ва чолокӣ машҳур буд. Албатта, вақте ки шиноварӣ ба қатори бозиҳои миллӣ шомил шуд, бояд ки мардуми тоҷик дар баробари савод омӯхтан шиновариро низ ба фарзандонашон омӯзанд. Зеро дар фасли тобистон, мо хоҳем нахоҳем, фарзандонамон майл ба оббозӣ мекунанд ва аз ҳама муҳим, мо бо омӯзонидани ин намуди варзиш онҳоро аз ғарқшавӣ эмин нигоҳ медорем.

Маҳз бо дастгирии роҳбарияти вилоят то имрӯз сохта ба истифода додани Маҷмаии ҳавзҳои шиноварии “20 солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд, бунёду азнавбарқароркунии пляжҳо дар соҳили дарёи Сир шароит ба миён омад, ки сокинон бе монеа аз ҷумла ба маҷмааи болозикр омада ба шиноварӣ машғул шаванд.

Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта буд.  Воқеан, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат маҳз бо ғамхориҳои Пешвои миллат соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар рушд карда, барои машғул шудан ба машқу тамрин ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Чанде пеш Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ин маҷмаа боздид ба амал оварда, ҷиҳати боз ҳам рушду беҳтаргардонии фаъолияти он ба роҳбарият ва масъулин дастуру супоришҳо дода буд.  

Бобати маълумот гирифтан аз ҷараёни фаъолият ва огаҳии бештар пайдо намудан оид ба шароити кунунӣ, раванди корҳои безараргардонии он ба масъулин муроҷиат намудем.

Тибқи иттилои роҳбари ин маҷмаа Муҳайё Сулаймонова бино дорои 3 ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳо барои ивази сару либос, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ ва толори машқ барои дӯстдорони намуди варзиш мебошад. 

-Гармидиҳӣ, нигоҳдошти ҳарорати мӯътадили дохили бино ба талаботи замони муосир мутобиқ ва ҳарорати он дар фасли сармо бо се намуди гармидиҳӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад. Дар вақти гарм будани ҳарорати ҳаво низ бо низоми махсус, ҳарорати оби ҳавз муътадил мутобиқ барои шиноварӣ нигох дошта мешавад.  Яъне, дар ин ҷо дӯстдорони шиноварӣ метавонанд дар чор фасли сол ба варзиш машғул шаванд, -мегӯяд мавсуф.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки сол аз сол сафи дӯстдорони варзиши шиноварӣ бештар гардидааст. Тибқи иттилои масъулон ҳамарӯза ба Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд аз 250 то 300 нафар ташриф меоранд. Қабули дӯстдорони варзиши шиноварӣ дар ин ҷо тибқи реҷаи муайян ба роҳ монда шуда, ҷадвали рӯзи қабули занону мардон муайян гардида, онҳо метавонанд дар алоҳидагӣ ба варзиш машғул шаванд.

Аз рӯи гуфти масъулин дар маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ ҳолати санитарию беҳдоштӣ мутобиқи талаботи замон буда, тозагии об тариқи гузаронидани таҳлилҳо зери назорати ҷиддӣ қарор дорад ва пайваста бо маҳлулҳои  махсуси кимиёвӣ безарар карда мешаванд. Ҳуҷраҳо барои ивази сару либос, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ ва толори машқ барои дӯстдорони намуди варзиши шиноварӣ низ пайваста бо маҳлулҳо безарар карда шуда, шароити хуби бехдоштӣ барои шаҳрвандон фароҳам оварда шудааст.

Дар ин хусус сардори Маркази назорати давлатии эпидемологӣ ва санитарии шаҳри Хуҷанд Азаматхӯҷа Воҳидов  иброз дошт, ки бо дар назардошти меъёрҳои талаботи санитарӣ, аз ҷумла ҳолати санитарии ҳавзи шиноварии «20- солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд  зери назорат буда, санҷишҳои соҳавӣ гузаронида мешаванд. Таи чанд рӯз аз ҷониби кормандони МНДЭС-и шаҳру вилоят фаъолияти санитарии он мавриди барррасӣ қарор гирифта, пас аз бартарафсозии баъзе камбудиҳо алҳол фаъолияти он бомаром ба роҳ монда шудааст.  

Дар иншооти мазкур корҳои ободонӣ, таъмиру безараргардонӣ гузаронида шуда, вазъи он муътадил арзёбӣ мегардад. Дар навбати худ масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ҳавзҳои шиноварӣ, гигиенаи шахсиро қатъӣ риоя намоянд.

Алҳол шиноварӣ аз намудҳои дӯстдоштаи варзиши сабук миёни ҷомеа шинохта шуда, имрӯзҳо новобаста аз синну сол мардум ба он машғуланд. Ба таъкиди табибон шиноварӣ ба саломатӣ фоидаи зиёд дошта, ба гуфти онон бархе аз табобати бемориҳо бо ин усул ба роҳ монда шудааст.

Сокини шаҳри Хуҷанд Саодат Мавлонбекова:

- Таи чанд сол аст, ки бо тавсияи табибон ба ин намуди варзиш дар ин мавзеъ машғул ҳастам. Қаблан дар ёд дорам, ки солҳои пеш дар мо чунин ҳавзҳои шиноварие, ки пурра, яъне тамоми сол фаъолият барад ва кас бо ин намуди варзиш машғул шуда тавонад, мавҷуд набуд.  Шукри даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки алҳол чунин имкониятҳо зиёданд ва мардум аз чунин ҷойҳо пурсамар истифода менамоянд.

Ҳамчунин, аз фарзандонамон низ хотирҷамъ ҳастем, ки новобаста аз фасли сол дар ҷойҳои муайян ва бо шароити хубу зарурӣ ба ин намуди варзиш машғул гаштаву обутоб меёбанд.    

Воқеан, ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки ҳангоми ташриф овардан ба чунин мавзеъҳои оббозӣ пеш аз ҳама, маърифати баланди тозагию гигиенаи шахсии худу атрофонро ҳифзу аз ҳар ҷиҳат риоя намоянд. Чун ҳамагон огаҳем, дар сурати риоя нагардидани меъёрҳои зарурӣ боиси сар задани бемориҳои гуногуни сироятӣ хоҳад гашт.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh