Мусобиқаи футболи муассисаҳои “Амонатбонк”

 Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи дастаҳои муассисаҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд оид ба футболи хурд ба поён расид.

Дар мусобиқа, ки аз 20 то 26 июни соли равон сурат гирифт, 10 дастаи муттаҳидаи филиалҳои бонк аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд. Чуноне сарвари филиали №23 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Ҳокимшо Бобоев изҳор дошт, мусобиқаи мазкур ба ифтихори ҷашни фархундаи 17-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ бори аввал дар чунин сатҳ баргузор шуд.

Дар бозиҳои ниҳоӣ дастаҳои “Курушкада” (дастаи муттаҳидаи филиалҳои №№27,36,40) ва “Арбоб” (дастаи муттаҳидаи филиалҳои №№31,37) барои ишғоли ҷойи сеюм сурат гирифт ва дар вақти асосӣ бо ҳисоби 0:0 мусовӣ анҷом ёфт. Дар вақти иловагӣ бошад, дастаи “Курушкада” бо ҳисоби 3:1 дастболо шуд.

Барои ғолибият дар мусобиқа бошад, дастаҳои “Сайҳун” (филиали №23) ва “Темурмалик” (дастаи муттаҳидаи филиалҳои №№24,38) ба ҳам вохўрданд. Ин қувваозмоӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи “Сайҳун” анҷом ёфт ва ин даста ғолиби мусобиқа гардид.

Фаридун Қобилов (“Авасто”) - дарвозабони беҳтарин, Абдуҷамил Раҳимов (“Арбоб”) - ҳимоятгари беҳтарин, Сўҳроб Абдумўъминов (“Спитамен”) – нимҳимоятгар ва Ислом Рўзиматов (“Курушкада”) - ҳуҷумгари беҳтарини мусобиқа гардиданд. Исмоил Туманов (“Сайҳун”) бошад, дар мусобиқа ба дарвозаи ҳарифон аз ҳама бештар -10 тўб зада, мергани беҳтарин шинохта шуд. Ба ғолибон ва бозингарони беҳтарин тўҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.

Дафтари матбуоти бахши БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh