Гиромидошти қаҳрамон

Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бахшида ба гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ Исмоил Ҳамзаалиев мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс оғоз гардид. Дар ифтитоҳи мусобиқа Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, меҳмони фахрӣ, Чемпиони ҷаҳон, довари дараҷаи байналмилалӣ - Валерий Рачков ва яке аз пайвандони авлоди Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ – Исроил Зокирҷонов сухан ронда, ба варзишгарон комёбиҳо таманно намуданд. Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оғоз ёфт.

 Сипас барои болидахотирии меҳмонон, варзишгарон ва тамошобинони мусобиқа барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид. Ин мусобиқа торафт доман паҳн карда, шумораи варзишгарони иштирокчӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Мисолаш ҳамин аст, ки дар мусобиқаи имсола дастаҳои варзишгарон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - 50 нафар, Федератсияи Россия - 5 нафар, ҷумҳуриҳои Қирғизистон - 12 нафар, Қазоқистон - 10 нафар, Ӯзбекистон - 9 нафар ширкат доранд.

Дар рўзи аввал дар майдони ҳарб қисме аз варзишгарони ҷумҳуриҳои зикршуда байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки аввалин маротиба мусобиқаи оммавии бокс дар вилоят ба гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ Исмоил Ҳамзаалиев соли 1970-ум баргузор гардида буд. Он вақт ба мусобиқа боксчиён аз давлатҳои Гурҷистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва шаҳри Душанбе иштирок карда, боксчиёни вилоят Валерий Текоев, Турсун Қодиров ва Кошиф Назиров аввалин чемпионҳои мусобиқа буданд. Мусобиқаи дуюмин дар шаҳри Душанбе ва сеюмин боз дар вилояти Ленинобод доир шуда, дар он 150 нафар боксчиён аз собиқ ҷумҳуриҳои шўравӣ иштирок доштанд. Чемпионҳои чунин мусобиқаҳо Хуршед Ҳасанов, Абдусалом Ҳасанов, Ҷаҳон Қурбонов ва дигарон буданд.

Маврид ба зикр аст, ки густариши ҳамаҷониба ва нуфузи бокс дар вилоят зиёд гардида, бахшида ба хотираи ин қаҳрамон мусобиқаи имсола бори 32-ум барпо гардида истодааст. Мусобиқа то 6-уми августи соли ҷорӣ давом мекунад.

Абдуҳаким ОЧИЛОВ

Add comment


Security code
Refresh