Ҳадаф – ҷоннок кардани фаъолияти дастаҳо

 

 

 

Имсол дар лигаи олии Чемпионати миллии Тоҷикистон аз вилояти Суғд се даста – «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Далерон – Ўротеппа»-и шаҳри Истаравшан иштирок доранд.

Бо мақсади шиносоӣ аз бурду бохти футболи вилоят ва фаъолияти дастаҳо Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ роҳбарият ва ҳайати дастаи «Хуҷанд»-ро ба ҳузур пазируфт. Роҳбари вилоят ҳадаф аз ин мулоқотро ҷоннок намудани фаъолияти даста ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи футболи вилоят арзёбӣ кард.

Клуби футболи «Хуҷанд», ки соли 1976 ташкил ёфтааст, то соли 1991 дар Чемпионати лигаи дуюми минтақаи Осиёи Миёнаи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз соли 1992 то инҷониб бе танаффус дар чемпионати мамлакат иштирок менамояд.

Ин даста се маротиба соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардида, ҳамзамон соли 1997 дар мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё ва соли 1998 дар мусобиқоти дорандагони Ҷоми Осиё ширкат варзидааст. Айни ҳол ин даста дар ҷадвали чемпионати миллии Тоҷикистон дар зинаи 4-ум қарор дорад.

Абдураҳмон Қодирӣ зимни вохурӣ асосан ба мушкилоти мавҷудаи фаъолияти клуби номбурда таваҷҷўҳ зоҳир намуд. Зикр ёфт, ки дастаи футболи "Хуҷанд" тамрингоҳи доимӣ надорад.

Ба мутасаддиёни соҳа супориш дода шуд, ки масъалаи дарёфти макони мувофиқро барои ташкили базаи махсуси клуб давоми 15 рўз мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор диҳанд, то ки минбаъд ҳайати даста тамрингоҳи доимӣ ва асосӣ дошта бошад ва машқҳои хешро бетанаффус баргузор намояд.

Ба андешаи Раиси вилоят, имрўз зарурати ташкили мактаби футболи вилоят ба миён омадааст, ки метавонад, дар тарбияи футболбозони касбӣ барои ояндаи футболи вилоят мусоидат намояд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳатҳои ташкилӣ ва низомномаи мактаби футболро таҳия ва пешниҳод созанд.

* * *

Раиси вилоят инчунин бо ҳайати дастаи «Далерон - Ўротеппа» - и шаҳри Истаравшан мулоқот доир намуд. Бояд гуфт, ки дастаи «Далерон - Ўротеппа» соли 2011 ташкил ёфта, соли 2012 аъзои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва худи ҳамон сол чемпиони вилоят ва ҷоизадори Ҷоми Раиси вилояти Суғд гардид. Ин даста соли гузашта дар лигаи якум соҳиби мақоми сеюм гашта, ба лигаи миллии мамлакат роҳхат гирифтааст. Даста алҳол аз рўи натиҷаи бозиҳо дар зинаи ҳафтуми ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.

Тибқи ҳисоботи роҳбари клуб, муаммои асосии даста норасоии маблағ аст, ки ба пешрафти фаъолияти он халал мерасонад. Раиси вилоят иброз дошт, ки барои беҳтар кардани вазъи молиявии даста тадбирҳо андешида шуда, ёрии молӣ расонида мешавад.

Абдураҳмон Қодирӣ футболбозонро ҳидоят намуд, ки барои мухлисони худ бозии арзандаро пешкаш намоянд ва ҷавобан ба дастгириҳо шарафи варзиши вилоятро ҳимоят кунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh