Ба олимпичиён кўмак мерасонанд

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо 11 нафар варзишгарони номии вилоят, ки эҳтимолияти иштирок дар бозиҳои олимпии Рио–де–Жанейроро соҳибанд, мулоқот орост. Зимни мулоқот, ки бо ҳузури варзишгарони шинохтае, чун Ҷаҳон Қурбонов, Асрор Воҳидов, Наврўз Ҷафоев, Далер Сулаймонов, Комроншоҳи Устопириён, Мурод Тўйчиев, Хусрав Облобердиев, Сарвар Исҳоқов, Кристина Проженко, Александр Проженко ва Виталий Сериков доир гардид, таъкид шуд, ки барои омодагии онҳо ба бозиҳои олимпӣ кўмак расонида мешавад.

 

Аз ҷумла, зикр гардид, ки барои таъмири толорҳои варзишӣ ва харидани лавозимоти зарурӣ мусоидат карда хоҳад шуд. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин гуфт, ки дастгирии варзишгарон охири кор нест ва барандаи медалҳои бозиҳои Олимпӣ, ки соли 2016 дар Рио–де–Жанейрои Бразилия доир мегардад, бо тўҳфаҳои арзанда қадршиносӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, барандаи медали тиллои олимпиадаи Рио–де–Жанейро соҳиби хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ ва автомобили сабукрави “Тайота Кемри”, барандаи медали нуқра соҳиби хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ ва барандаи медали биринҷӣ дар ин олимпиада соҳиби автомобили сабукрави “Тайота Кемри” мегардад.

Ҳамчунин, ба масъулин дастур дода шуд, ки барои харидории қаиқҳо ҷиҳати шиноварон, таъмини варзишгарон бо хўроки серғизо ва дастгирии варзишгарон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh