Пешниҳоди мухлиси футбол

Инак, дар чемпионати Тоҷикистон дар лигаи якум (минтақаи Суғд) нимароҳ тай шуд. 12 даста байни худ муборизаҳои пуршиддат бурд. Боз хуб аст, ки нисбат ба соли гузашта миқдори дастаҳо зиёд гашт.

Агар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд (сармураббиаш Ниёзалӣ Бобохонов) чун ҳамасола ба комёбӣ ноил шуда бошад, футболбозони дастаи «Исфара» (сармураббӣ, Тренери шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳонхўҷа Баҳодуров ва Президенти клуби футбол раиси шаҳр Даврони Зоҳидзода) бо ҳунарнамоии аҷибу ҳайратовар нимароҳро бо баҳои аъло ба итмом расониданд. Даста аз 11 вохўрӣ дар 10-тоаш ба ғолибият сазовор гашта, танҳо дар шаҳри Конибодом дар иҳотаи мухлисони хеле сершумор бозиро 1:1 мусовӣ кард. Аз тамошои чунин бозиҳо, бемуҳобот, кас лаззату ҳаловат мебарад.

Дарвоқеъ, вохўрии ин ҳарду дастаҳои ҳамсояшаҳрҳо мудом хеле шавқовару тамошобоб ва басо хотирмон мегузарад. Ҳатто, гурўҳи мухлисон вақти тамошо ба ҳунарнамоии онҳо баҳои баланд дода мегуфтанд, ки дар майдон гўё дастаҳои Бразилияву Чили бозӣ мекарданд. Чунин бозиҳо бо мақсади тарғибу ташвиқот агар тавассути телевизион намоиш дода шавад, нуран алонур мебуд. Вале, сад афсўс, ки ба ин ҷиҳати масъала на дар Исфараву на дар Конибодом чандон аҳамият намедиҳанд.

Дар ҳоле ки дар шаҳри Конибодом ду телевизиони маҳаллӣ фаъолият дорад. Вале, сабаб чист, ки мо дар ин шаҳрҳои калони саноатӣ футболро намоиш намедиҳем. Камераҳои телевизионҳои маҳаллӣ бепул ба варзишгоҳ фиристода намешаванд. Ҳазорон мухлисони футбол дар ин шаҳрҳои ба ҳам ҳамсоя умед ба он мебанданд, ки минбаъд дар ҳар як бозиҳои соҳибони майдон лаҳзаҳои бозӣ беғаразона ва бо хушнудӣ ба навор гирифта мешавад. Агар ин таклиф амалӣ гардад, футболи тоҷик аз он танҳо бурд намуда, ба қуллаҳои боз ҳам баландтар парвоз мекунад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин ташкили бозиҳои футбол дар мисоли шаҳрҳои Хуҷанду Конибодому Исфара хуб ба роҳ монда шудааст. Воқеан, ба ташкили бозиҳои майдони худ қариб дар ҳар як бозии ин шаҳрҳо мутахассисон - фиристодагони Федератсияи футболи вилояти Суғд баҳои хуб медиҳанд. Хусусан дар Конибодом. Вақти бозӣ дар варзишгоҳ ташкили радио аз ҷониби Тоҷиктелеком, назорати тартибу интизом аз ҷониби шўъбаи корҳои дохилӣ, ташкили тўҳфаҳои махсус ба бозингарони беҳтарини ҳар ду даста аз ҷониби Федератсияи футболи шаҳр ва ғайраҳо намунаи ибрат аст. Тааҷҷубовараст, ки маҳз ҳамин се чиз дар дигар шаҳру ноҳияҳо хеле кам ба назар мерасанд. Дар ин хусус ба конибодомиён офарин мегўем: Раиси Федератсияи футбол Нўъмонҷон Обидзода, масъули дастаи «Канд» Аббосхон Маҳмудов мебошанд.

Лаҳзаҳои бозии бонкчиҳои Хуҷандро бошад, мо гоҳ - гоҳ тавассути «ТВ Суғд», «Азия» дида шод мегардем. Вале, вақти он расидааст, ки баҳри ташвиқу тарғиби хуби футболи тоҷик ақаллан қисми дуюми вохўриҳои марказии басо пурмасъулияти лигаҳои олӣ ва якум аз тариқи ин ё он шабакаи телевизион ба мардум пешкаш карда шавад. Албатта, иҷрои ин корҳо як навъ душвориву муаммои дандоншикан дорад. Зеро, мо на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо шореҳони варзиш аз телевизионҳои маҳаллӣ дорем. Пас, дигар варианти хуб ин аст: дар телевизиони маҳаллӣ ва ҳатто дар телевизионҳои миқёси вилоят ташкили барномаҳои «Шарҳи бозиҳои футбол» агар  ба роҳ монда шавад, хуб мешуд. Шахсан ман ба ин боварии қатъӣ дорам. Зеро, то андоза рушду нумўи футбол дар ин ё он кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, ба ташвиқоти футбол аз тариқи васоити ахбори омма вобастагии калон дорад. Умед ба он мебандем, ки дар соли оммавият ва рушду нумўи футбол дар Тоҷикистон мулоҳизаҳои мо ба инобат гирифта, тадриҷан ҳалли худро меёбад.

Алиҷон МАҲМУДОВ,
Аълочии матбуоти тоҷик, узви Ассотсиатсияи шореҳони варзиши Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh