Рушди футбол дар кадом сатҳ аст?
- Details
- Published on Thursday, 11 September 2014 09:36
Футбол омили таҳкими дўстӣ байни халқҳо ва ҳамкории на танҳо бозингарон, балки халқу давлатҳо маҳсуб меёбад. Дар замони ҷаҳонишавӣ футбол на танҳо хусусияти иҷтимоӣ, балки хусусияти иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст. Зеро мардум ҳар қадар бештар бо футбол фаро гирифта шавад, ҳамон қадар вазъи саломатиаш беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меоянд.
Дар ин самт ҳадафи асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди футбол, инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонони кишвар ба футбол, гузашта аз ин, барои оммавигардонии футбол, тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст. Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ вобаста ба вазъи душвори сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла бо сабаби норасоии маблағ ва дигар омилҳо дар соҳаи варзиш мушкилоти зиёд ва коҳиш ёфтани завқи мардум ба футбол ба миён омада буд.
Дар шароити кунунӣ, ҳатто, дар ҳолати пурра фаъолият намудани майдонҳои футбол онҳо ҳамагӣ даҳ фоизи аҳолии кишварро бо чунин навъи варзиш фаро гирифта метавонанду халос. Дастаҳо ва мактабҳои футбол бошанд, талаботи кўдакону наврасон ва ҷавононро қонеъ карда наметавонанд. Бо мақсади фаро гирифтани ҷавонону наврасон ба футбол зарурате ба миён омадааст, ки корхонаҳову муассисаҳо, ширкатҳои давлативу хусусӣ ва соҳибкорону сармоядорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишоф ва рушди футбол саҳмгузор бошанд.
Барои ба талабот ҷавобгў намудани майдонҳои бозии футбол, аз ҷумла толору майдончаҳо ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин кардани онҳо, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони соҳаи варзиш бояд чораҳои амалӣ андешанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву молиявӣ барои рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол силсилаи қонуну қарор, барномаҳоро қабул ва амалӣ намуда, барои рушди футбол шароити заруриро фароҳам оварда истодааст.
Аҳлидин Юнусов - котиби масъули Федератсияи футболи вилояти Суғд гуфт, ки Федератсияи футболи вилоят дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавияти футбол эълон кардани соли 2014 ва ҷиҳати Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №425 аз 30 августи соли 2011 дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №401 аз 21 декабри соли 2011 дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» дар қаламрави вилоят чорабиниҳоро ба нақша гирифт, ки онҳо дар аксарияти шаҳру навоҳӣ баргузор мегарданд.
Федератсияи футболи вилоят дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд санаҳои 15 - 22-юми январи соли 2014 дар варзишгоҳи МВБН №1-уми шаҳри Хуҷанд мусобиқаи анъанавӣ барои гирифтани мукофоти «Бойчечак» байни ҷавонони соли таваллудашон 2001-2002 гузаронд. Дар мусобиқа 12 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Мусобиқа дар ду гурўҳ дар як давр гузаронида шуд. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои МВБН №1-ум ва МВБН №2-юми шаҳри Хуҷанд қувва озмуданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи МВБН №1 анҷом ёфт. Дастаҳои «Согдиана» (Чкалов) ва «Конибодом» (Конибодом) сазовори ҷои сеюм до-ниста шуданд.
Ҳамчунин санаҳои 25-30 январи соли 2014 мусобиқа байни бачагони соли таваллудашон 1999-2000 баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 8 даста иштирок кард.
Мусобиқа дар ду гурўҳ доир гардида, дар бозии ниҳоӣ дастаҳои «Равзана» ва «Ли-нинг» қувва озмуданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи «Ли-нинг» анҷом ёфт. Дастаҳои «Зутур» Б. Ғафуров ва «Суғдиён» Чкалов сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Аз 5 то 19-уми феврал дар майдони варзишии МВБН №1 ш. Хуҷанд мусобиқаи вилоятии байни бачагону наврасон оид ба футбол бахшида ба ҷашни 21-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се гурўҳ гузашт. Дар мусобиқа 24 даста аз шаҳру навоҳии вилоят бо фарогирии 432 нафар ҷавонону наврасон иштирок карданд. Дастаҳои ғолиб дар се гурўҳи синнусолӣ бо Ҷом, Ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд сарфароз гардиданд.
Аз 14 то 23-юми майи соли 2014 байни дастаҳои бонувони мактабҳои олӣ, касбӣ ва миёнаи вилояти Суғд бахшида ба рўзи ҷавонон мусобиқаи футбол доир гашт.
Дар ин мусобиқа 16 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд. Барои ҷойи сеюм дастаҳои «ДДҲБСТ»-и шаҳри Хуҷанд ва «ФДТТМ»-и шаҳри Исфара бозӣ карданд. Футболбоздухтарони «ДДҲБСТ» ҳарифони худро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои «Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва «Коллеҷи омўзгорӣ»-и шаҳри Конибдом вохўрданд ва дастаи «Коллеҷи тиббӣ» тавонист бозиро бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи худ анҷом дода, соҳиби мақоми аввал шавад.
Ба ғолибони мусобиқа аз тарафи Федератсияи футболи вилояти Суғд ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Ҷом, медал, Ифтихорнома ва ба бозингарони беҳтарин тўҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Аз 15-уми майи соли равон мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи якум дар минтақаи Суғд шурўъ гардида, алҳол марҳилаи аввали ин мусобиқа ба охир расида, дар он 12 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок менамоянд.
Ҳамчунин аз 26.06 то 4.07 дар МВБН №1-и шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мусобиқаи футбол барои дарёфти мукофоти клуби «Тўби чармин» байни мактаббачагони соли тавалудашон 1998-2000 доир шуда, дар он 8 даста иштирок карданд;
Мактаббачагони МТУ №14 (ш.Хуҷанд) ғолиби мусобиқа гардида, ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии ҷумҳуриявӣ, ки моҳи сентябр барпо мешавад, ба даст оварданд. Дар охири бозиҳо ба дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарин Ҷом, медал, ифтихорнома ва тўҳфаҳои кумитаи тадорукот, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Федератсияи футболи вилояти Суғд тақдим шуданд.
Умуман, ҳадафи асосии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи Соли оммавияти футбол эълон намудани соли 2014” ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш, рушди минбаъдаи футбол ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти аҳолӣ бо бозии футбол равона карда шудааст. Инчунин ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонону наврасон ба ин намуди дўстдоштаи варзиши мардум мебошад. Бо ин роҳ ҳам соҳаи футбол дар кишвар рушду нумўъ ёфта, дастаҳои тими ҷумҳурӣ дар бозиҳои байналхалқӣ иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонро ҳимоя менамоянд, ҳамчунин ҷавонону наврасон ба футбол машғул шуда, худро ҳамеша бардаму солим ҳис карда, муҳимаш ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, корҳои беҳуда ва ҷинояткорӣ даст намезананд.
Нодир ТУРСУНЗОДА