Чемпиони даҳр гаштӣ, зинда бош!
- Details
- Published on Tuesday, 14 October 2014 12:34
ё Ҷаҳончемпион аз ноҳияи Ғончӣ
Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ҷавонону наврасон чун ояндасозони миллат ва рушди варзиш дар байни онон эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Вохўриҳои ҳарсолаи Сарвари давлат бо ҷавонону наврасон далели ин гуфтаҳост. Тадбирҳои андешидаи Президент самараи худро доданд. Ин аст, ки варзиш дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ғончӣ авҷу равнақи тоза пайдо намуд.
Ин ҷо сухан дар бораи наврасе меравад, ки хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумии рақами 16 ба номи Аҳмадҷон Шарофов аст. Фарзоди баландахтар дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Муҳити оилавӣ созгор аст, ки фарзандон рушд намоянд ва арзанда ба камол расанд. Фарзод навраси хубест, аъло мехонад, интизоми намунавӣ дорад, муносибаташ бо атрофиён ибратангез аст. Ин аст, ки мактабиёну атрофиён ўро дўст медоранд. Падараш Фаррух Нуруллоев низ варзишгар аст, амакаш Умедҷон Нуруллоев каратэчии номист. Ҳамаи ин боис гардид, ки Фарзод аз кўдакӣ ба варзиш дил бандад. Ин аст, ки вай аз соли 2009 ба намуди каратэ кёкушинкай машғул аст. Машқҳои пайваста ўро обутоб доданд, номвар шуд.
Фарзод ҳангоми хонандаи синфи 6-ум буданаш бори аввал дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра гардид. Ин дастовард ўро болу пар бахшид, то ҷониби қуллаҳои баланд устувор қадам занад. Ҳар як даст-оварди Фарзод боиси хушнудию ифтихор ва тантанаи ҳамдиёрон мегардид. Фарзод дар наврасияш аллакай номбардори миллат гардида буд. Моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар сабқати ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷои сеюм ва медали биринҷӣ шуд. Охири ҳамон сол ба Қазоқистон сафар кард, дар ин ҷо дар мусобиқаи байналхалқии Осиё ҷои ифтихориро ишғол кард.
Пас аз як сол дар шаҳрҳои Токио ва Сайтамаи кишвари Япония семинари умумиҷаҳонӣ баргузор шуд. Барои Фарзод ширкат дар ин тадбир воқеаи фаромўшношуданӣ гашт, вай ҳамроҳи ду варзишгар ва мураббияш, президенти Федератсияи Карате – кёкушинкайи ҷумҳурӣ Ҳикматулло Кароматов дар ин семинар ширкат варзида, натиҷаи матлубро ба даст овард, аз дасти президенти умумиҷаҳонии Карате - кёкушинкай Хатсуо Рояма сертификат ва диплом гирифта, камарбанди қаҳварангро соҳиб шуд.
Чунин натиҷаро ба варзишгар ноил шудан дар ин синну сол ғайриимкон аст. Баъди бозгашт аз Япония ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон дар мусобиқаи дохилиҷумҳуриявии намуди «ИЧГКИ», яъне муҳорибаи қаҳрамони ду давлат доир ба ин намуди варзиш иштирок ва дар муҳорибаи тан ба тан қаҳрамони Ҷумҳурии Ўзбекистонро мағлуб намуда, соҳиби медали тилло гардид ва ба ифтихораш Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд. Ин боиси хурсандию шодии ҳамагон гардид. Дар ин даст-овардҳо саҳми мураббиёнаш Ҳикматулло Кароматов, Аскар Кароматов ва Замир Юлдошев беназир аст.
Воқеаҳои фаромўшношуданӣ дар хотири Фарзод зиёд аст. Иштирок ва ғолиби чемпионати Аврупо дар шаҳри Годервили Фаронса, чемпионати байналхалқӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Казоқистон, чемпионати ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барояш ифтихор буд. Таърихи 1-5 декабри соли 2012 дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон дар шаҳри Истамбули Туркия дар вазни худаш ҷои аввалро ишғол карда, соҳиби Ҷоми Ҷаҳон шуд, дар вазни 50 кг ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гирифт. Инчунин дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар чемпионати ҷаҳон ҷои чорум насибаш шуд. Фарзод аз соли 2010 узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соҳиби ҳашт ҷом аст. Тибқи фармони Раиси Қумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 31 аз 2-юми марти соли 2012, ба Фарзод Нуруллоев унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан унвони баланди Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ дода шудааст. Боз як дастоварди Фарзод ин буд, ки моҳи ноябри соли 2013 дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар байни калонсолон байни 360 варзишгар аз 28 мамлакати ҷаҳон соҳиби ҷои дуюм ва медали нуқра гардид. 6-9 сентябри соли 2014 дар мусобиқаи кушоди Аврупо дар шаҳри Истамбули Туркия дар вазни 55 кг сазовори ҷои якум ва медали тилло шуд. Ҳамчунин бо иштироки намояндагони ҷаҳонии Федератсия баъди супурдани имтиҳонот вай соҳиби камарбанди сиёҳ, дараҷаи якумро барои соҳибӣ кардан шарафёб гардид.
Бечиз мо ин ҷо феҳристи мусобиқаҳои иштироккардаи Фарзод, унвону мукофотҳои ўро наёвардем. Ҳамин феҳрист ба хонанда қаҳрамониҳои Фарзодро равшан месозад. Инчунин машаққатнокии зафарҳои Фарзодро акс менамояд ва мавқеи ўро дар ҷамъият муайян мекунад. Варзиш буд, ки Фарзод дар айни наврасӣ ҷаҳондидаю ҷаҳонгашта ва ангуштнамо шуд. Fолибият дар ҷодаи варзиш буд, ки ба шарафи Фарзод даҳҳо маротиба Парчами Тоҷикистон парафшон гардид. Вай ҷумҳуриро ба ҷаҳониён борҳо муаррифӣ кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба Фарзод тўҳфаҳо супурда, ўро навозиш кардаанд. Ҳар бозгашти Фарзод барои сокинони ноҳияи Ғончӣ рўзи иду тантана аст.
Хурду калон бо гулборон Фарзодро истиқбол мегирифтанд, ҳамду санояш мехонданд. Маҳз Фарзод буд, ки номи Ғончиро то канори дигари дунё машҳур кард. Бобои омўзгори худ Муҳидулло Нуруллоевро шарафманд намуд, ғарқи обрўю эътибор гардонд. Мактабе, ки ў таҳсил дорад, аз чунин шогирд ифтихор дорад, ки машҳури ҷаҳонаш кард. Хусусан ҳамсинфонаш аз Фарзод меболанд. Саломат бош, шерписари Тоҷикистон, ФАРЗОД!!
Сироҷиддин ОСИМӢ,
Дар акс: раиси ноҳия Зуфар Исмоилзода ба Фарзод тўҳфа месупорад.