Fолибият дар Чемпионат
- Details
- Published on Tuesday, 04 November 2014 10:14
Санаҳои 25–28 октябр дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди тенниси рўи миз байни калонсолон бахшида ба 20-умин солгарди Рўзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят хабар доданд, чемпионати мазкур бо иштироки 89 нафар варзишгарон, ки аз он 3 даста аз шаҳри Душанбе, 2 даста аз вилояти Суғд, 1 даста аз вилояти Хатлон, 1 даста аз вилояти Кўҳистони Бадахшон, 1 даста аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ мебошад, гузаронида шуд.
Дар натиҷа байни мардон ва бонувон дастаи варзишгарони Душанбе - 1 ба гирифтани ҷойи якум, дастаи Суғд - 1 ҷойи дуюм ва дастаи Хатлон ба гирифтани ҷойи сеюми Чемпионати мазкур сазовор гардиданд.