Абдураҳмон Қодирӣ:Мактаби вилоятии футбол таъсис дода мешавад
- Details
- Published on Monday, 05 January 2015 09:25
Мавсими имсолаи чемпионати миллии мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар чемпионати мазкур дастаи «Хуҷанд» - и Хуҷанд бо гирифтани 32 имтиёз мақоми чорумро ишғол кард.
Бо мақсади баррасии фаъолият, бур-ду бохт ва тарҳрезии нақшаҳо дар мавсими навбатӣ санаи 29 декабр мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати клуби футболи «Хуҷанд» баргузор гашт.
Раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбарият ва ҳайати дастаи «Хуҷанд» - и Хуҷанд мулоқот намуд. Ҳадаф аз ин мулоқот шиносоии наздик бо фаъолият ва бурду бохти даста дар мавсими имсолаи чемпионати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар оғози сўҳбат Раиси вилоят зикр дошт, ки имрўзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат баҳри дастгирии намудҳои гуногуни варзиш, хоса футбол тамоми тадбирҳо андешида мешавад. Дар мулоқот оид ба бурду бохт ва фаъолияти даста дар соли равон ҳисоботи директори клуби «Хуҷанд» Қурбонхўҷа Раҳимхўҷаев шунида шуд. Номбурда қайд намуд, ки дастаи «Хуҷанд» - и Хуҷанд чемпионати 23-юми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболро бо гирифтани зинаи чоруми ҷадвали мусобиқот ба анҷом расонид.
Таъкид гардид, ки барои ҳунарнамоии хуби футболбозон шароити лозима фароҳам оварда шуд. Новобаста ба ин ҳунарнамоии футболбозони даста ва сазовор гаштан ба мақоми чорум ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Вобаста ба бартараф намудани мушкилоту муаммои ҷойдошта ва дар оянда ноил гаштан ба натиҷаҳои назарраси варзишӣ мулоқоти ошкорои роҳбари вилоят бо ҳозирин, бозингарону мураббиён, мухлисон ва собиқадорони соҳа ба вуқўъ пайваст.
Ҳозирин фикру ақидаи хешро перомуни масъалаи баррасишаванда иброз дошта, таъкид намуданд, ки ҷавобан ба чунин таваҷҷўҳ ва ғамхориҳо бояд дастаи мазкур дар ҷадвали мусобиқот ба натиҷаи аз ин ҳам болотар сазовор мегашт. Бо мақсади мустаҳкам намудани фаъолияти минбаъдаи даста, дар ҳайати роҳбарикунандаи он тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуда, ба вазифаи директори даста номзадии Рустам Марофиев пешниҳод гардид. Ҳозирин изҳор доштанд, ки чунин тағйироти кадрӣ ба пешрафти фаъолияти даста таъсири мусбӣ хоҳад расонид.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки давоми соли оянда бо мақсади ривоҷи футбол дар вилоят мактаби вилоятии футбол таъсис дода мешавад, ки баҳри тарбияи варзишгарони бомаҳорат хизмат хоҳад кард.